Протоколи маъмурӣ барои роҳ надодан ба нақлиёти Ёрии таъҷилӣ
15.10.2025
Oila.tj
127

Воситаҳои нақлиёти махсус, аз қабили Ёрии таъҷилӣ, милитсия ва сӯхторхомӯшкунандагон дар роҳҳо нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат бартарият доранд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз ронандагон қоидаҳои ҳаракатро нодида гирифта, ба фаъолияти чунин нақлиёт халал мерасонанд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, афзудааст, ки тавре дар навори ирсолнамудаи кормандони Ёрии таъҷилӣ дида мешавад, ронандаи нақлиёти тамғаи "БМВ", рақамҳои давлатиаш 1001YX10, шаҳрванд Сафарзода Абдуҳаким ҳангоми ҳаракат ба садои огоҳкунандаи нақлиёти Ёрии таъҷилӣ аҳамият надода, ба он роҳ надодааст.

Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони бозрасӣ номбурда боздошт гардида, нисбати ӯ бо моддаи 318 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми ронандагон даъват менамояд, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эҳтиром гузошта, ба воситаҳои нақлиёти махсус имкон диҳанд, то сари вақт ба даъватҳои фаврӣ ҳозир шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД