goodwell
Прокуратураи генералӣ нисбати 133 мансабдор барои тақсимоти замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
28.07.2026
Оила
43

Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои тақсими ғайриқонунии замин ва худсарона ишғол кардани он дар шаш моҳи соли равон нисбати 133 мансабдор парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Дар ин хусус прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт: “Аз 133 нафаре, ки дар робита бо тақсимоти замин нисбаташон  парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст, 14 нафарашон кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ буда, 7 нафарашон дар вазифаи муовини раиси шаҳр ё ноҳия кор мекарданд. 29 корманди ҷамоати шаҳраку деҳот, 52 корманди Кумитаи идораи замин, 31 роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корманди бойгонӣ ва 7 меъмор низ дар робита бо масъалаҳои марбут ба замин ва тақсимоти ғайриқонунии он ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. “

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД