Formula novemver 2024
Примадоннаи санъати тоҷик бемор аст
3180

Сураё Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар яке аз беморхонаҳои Ҳиндустон бистарӣ шудааст. Шабнами Сурайё, духтари ҳунарманд, аз бистарӣ шудани модараш хабар дода, аз Худованд хост, то бонуи ҳунарро нигоҳбон бошад.

Пӯлод Шаропов, шавҳари сароянда низ чанд акси ҳамсарашро аз беморхона нашр карда, аз Худо ҳарчи зудтар шифо ёфтанашро хоҳон аст.

Ба навиштаи Шаропов, хонум Сурайё айни ҳол дар беморхонаи “Apollohospitaldelhi”-и шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, ки бештар беморони қалбро табобат мекунад, бистарӣ аст.

Ба иттилои Шабнами Сурайё модараш чанд рӯз қабл, баъд аз нохуб шудани вазъи саломатияш тавассути хатсайри “Air Astana” ҳамроҳи шавҳараш ва ду духтараш Шабнаму Рӯзигул барои табобат ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон сафар кард.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, ба хотири якбора бад шудани вазъи саломатии Сураё Қосимова тамоми барномаҳои консертӣ ва маъракаҳои ӯ ва духтараш Шабнами Сурайё лағв шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Сурайё Қосимова 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ 4 фарзанд дошт - Рӯзимоҳ, Шабнам, Фарзона ва Эмомалӣ, ки мутаассифона, писараш дар синни 16-солагӣ дар соли 2017 аз бемории саратон вафот кард.

Сурайё Қосимова бештар сурудҳои халқӣ, бадеҳа ва тӯёна месарояд. Сароянда ба як қатор кишварҳои хориҷ, чун Афғонистон, Эрон, Яман, Покистон, Муғулистон ва ғайра сафари ҳунарӣ дошт.

Моҳи сентябри соли 2020 Сурайё бо Пӯлод Шарипов ба шавҳар баромад. Шавҳараш соҳибкор ва варзишгар мебошад, ки қаблан консертҳои Сурайёро таблиғ менамуд ва ҳоло онҳо рӯзгори муштарак доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД