arzon replenishment
Примадонаи ӯзбек ба Тоҷикистон меояд
1451


Санаи 8-уми июн примадонаи ӯзбек Юлдуз Усмонова дар шаҳри Душанбе консерти навбатии худро доир менамояд.

Юлдуз Усмонова натанҳо дар ватанаш Ӯзбекистон, балки дар кулли кишварҳои Шарқӣ шӯҳрату маҳбубияти зиёде дошта, бо садои фораму дилангезаш дили миллионҳо ошиқони сату наворо тасхир намудааст.
Юлдуз Усмонова 12 -уми декбари соли 1963 дар Марғилони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Урайимоҳун Усмонов ҳунарманд ва модараш Раҳима Акбарова дӯзанда будааст. Волидонаш гӯё аз ояндаи дурахшони духтарашн огоҳ буданд, ки ӯро Юлдуз ном ниҳоданд. Тарҷумаи номи Юлдуз аз забони ӯзбекӣ ситора буда, ин бонуи булбуловозу ҳунарманд ба маънои томаш ситора аст, зеро Юлдуз Усмонвар натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ ҳамчун ситора ва примадона эътироф мекунанд.
Духтари Юлдуз Усмонова-Нилуфар Усмонова низ роҳи модарро пеш гирифта, аллакай дар байни сарояндагони ӯзбек мавқеи худро пайдо намудааст, вале шӯҳрату маҳбубияте, ки худи Юлдуз дар байни алоқамандони суруду мусиқӣ дорад, беҳамто ва қиёснашавнада мебошад. Қариб ҳамаи сурудҳои Юлдуз Усмонова ба зудӣ дар байни мардум паҳн гашта, хурду калон дар ҳавои ин таронаҳои дилангез мерақсанду меболанд. Ин овозхони нотакрор бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, ва қазоқиву туркманӣ суруд хонда, ба ин васила сафи мухлисони худро торафт зиёдтар месозад.
Юлдуз Усмонова ҳамчунин дар васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ бо вокуниш ва танқидҳои худ зуд-зуд намоён мешавад ва нотарсию ҷасорату фошгӯияш ӯро машҳуртар гардонидааст. Юлдуз Усмоноваро чанд сол қабл барои танқид кардани собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ва духтараш Гулнора Каримова аз имкони иштирок дар барномаҳои консертӣ ва ҳунарманоӣ дар саҳна маҳрум намуда буданд, аммо ин ҳам натавонист руҳи ҳунармандро бишканад. Юлдуз солҳо дар кишвари бегона зиндагӣ карда, ҳамоно андешаҳояшро ошкоро мегуфт ва танҳо баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев баҷватанаш баргашта, боз рӯйи саҳнаи ҳунар баромад намуд.
Юлдуз Усмонова дар кишвари мо низ маҳбубияти зиёд дорад ва бо забони тоҷикӣ барои мухлисони тоҷикистонияш суруду таронаҳои дилфиреб месарояд. “Биё, ҷонам", "Намекунӣ" "Танҳо манам" ва Ёр биё" аз зумраи машҳуртарин таронаҳои тоҷикии ин ҳунарманди ӯзбек мебошанд. Дуети Юлдуз Усмонова бо овозхони машҳури тоҷик Шабнами Сурайё низ мухлисони зиёде дошта, ин тарона вирди забони хурду калон гаштааст.
Юлдуз Усмонова бо сарояндагони машҳури тоҷик Далер Назаров, Шабнами Сурайё ва Муҳаммадрофе Кароматулло ҳамкории зичи эҷдӣ дошта, дар якҷоягӣ дуетҳои дилнишин сурудаанд.
Юлдуз Усмонова ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон буда, ҳамзамон унвони ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистонр дорад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД