Як қатор роҳбарони давлатҳо дар робита ба таҷлили 32-юмин солгарди рӯзи Истиқлоли кишвар барқияҳои шодбошӣ фиристоданд.
Номаҳои идона аз ҷониби Владимир Путин, Си Ҷинпин, Ҷо Байден, Александр Лукашенко, Илҳом Алиев, Эммануэл Макрон, Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Ориф Алвӣ, Нарухито, Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Сардор Бердимуҳамедов, Нурсултон Назарбоев ва Гурбонгули Бердимуҳамедов ворид шудаанд.
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб саломатии бардавому комёбиҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволиву шукуфоӣ хостааст.
Си Ҷинпин ба давлати Тоҷикистон шукуфоиву пешрафт ва ба мардуми мо саодату некуаҳволӣ хостааст. Ҷо Байден бошад, дар барқияи худ аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тамоми мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтаринро ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон орзу кардааст.
Шавкат Мирзиёев ҳам тоҷикистониёнро ба муносибати 32-солагии Истиқлолият табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро ирсол намуда, ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш ва хотирмон ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ, нерӯи давомдор ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафт орзу кардааст.
Қосим-Жомарт Токаев аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худаш тамоми Тоҷикистони бародарро ба муносибати Рӯзи истиқлол сидқан табрик намуда, ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намудааст
Садир Жапаров ҳам аз номи худ ва мардуми Қирғизистон сокинони кишвари моро табрик карда, изҳори боварӣ кардааст, ки муносибатҳо миёни ду давлат дар заминаи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҳким ва таъмиқ хоҳанд ёфт.
Субҳи барвақт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу намуданд.
Аз идора: Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома доранд.