Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз - 11-уми сентябр дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт фурудгоҳи ин ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти нав, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафар кардаанд.
Фурудгоҳи Рашт бо дастгирии соҳибкорон навсозӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он имкони барқарор намудани парвозҳои мусофирбарӣ байни Рашт ва дигар минтақаҳои кишвар фароҳам мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон рушди инфрасохтори нақлиётиро яке аз самтҳои муҳими беҳтар намудани робитаҳои байни минтақаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон арзёбӣ мекунанд.