Arzon march 2024
Президент дар бораи Иди Қурбон чӣ гуфт?
958
no-img

 

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи тоҷикро бо фарорасии Иди Қурбон муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки аз сарфу хароҷоти беҳуда ва зоҳирпарастиву худнамоӣ худдорӣ намуда, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз намоянд ва дар пайи ободонии Ватан бошанд.

"Аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модар шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз намудан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад", -таъкид кард сарвари давлат.

Президент мегӯя, албатта ёрӣ расонидан ба табақаҳои ниёзманд қарзи инсонии афрде мебошад, ки оилаашон аз ҳар лиҳоз таъмин буда, дасти дароз доранд, онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо сухани нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод созанд, зеро ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки муҳимтарин рисолати динӣ, виҷдонӣ ва имонии мардуми шарифи кишвар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба волидайн ва хизмат ба онҳо, гиромӣ доштани суннату арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, расидан ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва бо риояи қонунҳои давлати демократӣ ва дунявиамон баргузор намудани расму ойинҳои милливу динӣ мебошад.

Дар охири суханрориаш Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки ҳар як оила бояд дар фикри омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД