Портали электронии “Илм - фурӯғи маърифат” ташкил шуд
42

Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои бадастовардаи ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ба Низомномаи озмун тағйирот ворид карда шуда, дар он портали электронӣ таъсис дода шуд.

Аҳмадҷон Раҳмонзода, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни суҳбат бо журналистон дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, ки ғолибони даври дуюми озмун вобаста ба номинатсияҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пурра ба қайд гирифта мешаванд. Ин раванд шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад.

«Таҷрибаҳои қаблии баргузории озмун нишон медиҳад, ки баъзе довталабон бар хилофи низомнома такроран хоҳиши иштирок кардан доранд. Барномаи мазкур ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ менамояд»,- иброз доштааст Раҳмонзода.

Ташкил кардани портали электронӣ қадаме ба самти рақамикунонӣ буда, барои ташкил кардани махзани пурраи маълумот дар бораи иштирокчиёни ин озмун мусоидат менамояд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз 1-уми январи соли 2026 тасдиқ гардида, барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 650 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД