Formula novemver 2024
Писари тағоямро гирифта, бадбахт шудам
3900

 

Салом ба кулли мухлисону ҳаводорони ҳафтаномаи “Оила”. То ба имрӯз нафаре пайдо нашуд, ки рози дили худро ба ӯ гӯям, аз ин рӯ, тасмим гирифтам сарнавишти талхамро ба хонандагони ҳафтанома қисса намоям.

Мо дар оила 7 нафар будем: падару модар, се бародар ва ману хоҳарам. Аз ҳама фарзанди калонии хонадон ман будам. Аз хурдӣ орзу доштам, ки хонда муаллима шаваму ба деҳаи худ баргашта, дар мактаби худамон кору фаъолият намоям. Вақте дар синфи 8-ум таҳсил мекардам, аксари муаллимон назди падару модарам таъриф мекарданд, ки духтари шумо босаводу боадаб аст. Аз шунидани ин суханон волидонам хеле хурсанд мешуданд. Гумон мекардам, ки шояд таърифу тавсифи омӯзгорон боис шаванду волидонам дар оянда бо вуҷуди сар задани мушкилиҳо монеи таҳсил карданам намешаванд. Вақте синфи 8-умро хатм намудам, тағоям бо ҳамсараш зуд-зуд ба хонаи мо меомадагӣ шуданд. Онҳо бо падару модарам дар як хонаи ҷудо суҳбатҳои дуру дароз мекарданд. Ҳайрон мешудам, ки дар бораи чӣ ин қадар гап мезада бошанд. Пас аз чанд бор меҳмон шудани онҳо шабе модарам ба ман гуфт:

-Духтарам, ману падарат мехостем туро соҳиби маълумоти олӣ гардонем, вале мутаассифона, ин орзуи мо амалӣ намешавад.

Ҳайрон шуда, сабаби чунин ранг гирифтани корро пурсон шудам. Модарам гирён шуда гуфт:

-Мо туро бо писари тағоят фотиҳа кардем. Тағоят гуфт, ки агар духтаратонро ба писари яккаву ягонаи ман надиҳед, мо то абад зиндаҷудову мурдаҷудо мегардем. Ману падарат маҷбуран розӣ шудем. Дигар илоҷ надорем, баъди хатми синфи 9 туро бо писари тағоят тӯй мекунем.

Аз шунидани ин хабар дилам аз мактабу хондан монд. Дигар ба дарсҳо нотайёр мерафтам. Аз чунин тағйирёбии ман омӯзгорон ба ҳайрат афтода, аз падару модари ман мутаассиф гардида буданд.

Рӯзе дар хона танҳо будам, ки ногаҳ хоҳари шавҳаршавандаам аз куҷое дар дасташ як телефон омад. Онро ба ман дароз карду гуфт:

-Инро акаам барои ту харидааст. Телефонро гирифта, ҳамроҳаш пинҳонӣ суҳбат мекардаӣ.

Дар аввал ба ин шарти духтари тағоям розӣ нашудам. Ӯ бошад, таҳдидомез гуфт:

-Агар ин телефонро нагирӣ, акаам баъд аз тӯй медонистааст бо ту чӣ кор кунад.

Аз тарс зуд телефонро гирифтам, зеро шавҳаршавандаам феъли тез дошт. Баъди гирифтани телефон духтари тағоям боз таъкид кард, ки ҳеҷ кас аз ин кор бояд бохабар нашавад ва баромада рафт. Аввалҳо нисбати шавҳаршавандаам ҳеҷ меҳре надоштам ва бо ӯ маҷбуриву аз тарс суҳбат мекардам, зеро бароям ҳамчун бародар буд. Пас аз се моҳи бо телефон суҳбат карданамон, оҳиста-оҳиста ба Ҷовид меҳр пайдо намудам. Агар рӯзе ҳамроҳаш гап намезадам, дунё бароям торик менамуд.

Билохира, синфи 9-ро хатм намудаму санаи тӯйро муайян карданд. Азбаски Ҷовид писари яккаву ягонаи хонадон буд, волидонаш тӯйи дабдабаноке барпо намуданд. Бо шавҳарам танҳо 2 моҳ зиндагӣ кардему ӯ ҳамроҳи падараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Пас аз 1 моҳи рафтани шавҳарам фаҳмидам, ки ҳомиладор ҳастам. Хешу табор аз шунидани ин хабари хуш хурсанд шуданд. Мутаассифона, дар ин муддат тағоям аз Федератсияи Россия ба муддати 5 сол депорт шуда, ба хона баргаштанд. Акнун таъминкунандаи оилаи мо танҳо шавҳари ман буд. Пас аз 9 моҳи интизорӣ писар ба дунё овардам. Ин хабар шодии оилаи моро боз ҳам зиёдтар намуд. Писарам 1-солаву 2-моҳа шуд, аммо бо пои худ рост истода наметавонист. Маҷбур шудем ба духтури оилавиамон муроҷиат намоем. Пас аз ташхиси зиёд маълум гардид, ки писарчаамон бар асари хешу табор будани ману шавҳарам фалаҷ ба дунё омадааст. Бо шунидани ин хабар байни оилаҳои мо ҷанҷол сар зад. Модарам ба тағоям мегуфт: “Дидед, акаҷон оқибати хешу табориро. Шумо маҷбурӣ, бо таҳдидҳо духтари маро келин кардед. Акнун чӣ кор мекунем?” Тағоям ҷавоб дод, ки “кӯдакро барои муолиҷа ба Федератсияи Россия мефиристам”. Ҳамон лаҳза дилам аз зиндагӣ хунук гардид.

Баъд аз 5 моҳ ба назди шавҳарам барои табобати фарзандам рафтам. Шавҳарам на ба ман таваҷҷуҳ дошту на ба фарзандаш. Ба назди духтурон рафтем, мутаассифона ҳамаи онҳо ҷавоб доданд, ки бемории фарзанди шумо табобатнашаванда аст. Пас аз шунидани ин хабарҳо хеле руҳафтода гардидам, вале шавҳарам ягон зарра парво надошт. Мехост ҳарчӣ зудтар моро ба Тоҷикистон фиристад. Аз чунин рафтори Ҷовид дар ҳайрат мемондам. Як бегоҳ шавҳарам зуд аз кор баргашту ба хонаи хоб даромада хоб рафт. Аз байн чанд дақиқа гузашт, телефонаш беист занг мезад. Маҷбур шудам, ки ба занг ҷавоб диҳам. Вақте ки телефонро бардоштам, духтаре гуфт: “Салом азизам. Чӣ ҳол дорӣ? Кай ба назди мо меоӣ? Ману фарзанди батнам туро сахт ёд кардем. Тезтар биё”. Ҳамон лаҳза телефонро хомӯш намудам, вале ба шавҳарам дар ин бора чизе нагуфтам. Аз шавҳарам пинҳонӣ баъд аз 2 рӯз чипта гирифта, ба Тоҷикистон баргаштам. Маро дар фурудгоҳ падару бародари калониам пешвоз гирифтанд. Вақте ин қазияро ба онҳо нақл кардам, дигар нагузоштанд, ки ба хонаи шавҳарам баргардам. Се сол мешавад, ки дар хонаи волидонам зиндагӣ мекунам, аммо падар ва бобою бибии писарам боре ёди фарзанду набера намекунанд.

Аз тамоми волидон хоҳиш менамоям, ки ба никоҳи хешу таборӣ роҳ надиҳанду ҳаёти фарзандони худро насӯзонанд.

Абдураҳмонова Зебо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД