Абубакри 8-сола, писари муҳоҷирзани тоҷик Сайёра Дусаеваро, ки дар куштори ҳамкораш гумонбар дониста шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, бо сабаби бе саробон монданаш аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
“Дусаев Абубакр Юсуфович, соли таваллудаш 28.01.2015 фарзанди шаҳрванд Дусаева Сайёра Эсановна, рӯзи 24- январи соли 2023 бо мусоидати Хадамоти консулии сафорат ба Ватан баргардонида шуд”-иттилоъ медиҳад Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Маъмурони сафорати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро барои Абубакр Дусаев омода карда, барои фиристодани ӯ ба назди хешу табораш ба Ватан мусоидат намудаанд ва дар иттилоия таъкид шудааст, ки қазияи модари ноболиғ таҳти пайгирии сафорат қарор дорад.
"Ёдрас мешавем, ки Сайёра Дусаева, модари Абубакр дар як ошхонаи таомҳои гурҷӣ дар шаҳри Митиши дар канори Маскав кор мекард ва рӯзи 4 –уми январ бо иттиҳоми куштани ҳамкораш-ошпази ошхонаи “Хинкалная Тбилисо” ба ҳабс гирифта шуд."
Лаҳзаи содир шудани ин куштори пурсару садо дар навори камераи назоратии ошхона сабт шудааст ва дар он дида мешавад, ки худи марди ҷабрдида аввалин шуда ба ин зани тоҷик ҳамла мекунад ва ӯро озор дода, лату кӯб менамояд. Зан барои ҳимояи худ кордро ба даст гирифта, дар ҳолати ҳаяҷони рӯҳӣ ҳамкорашро корд мезанад.
Шоҳидони ҳодиса аз Сайёра ҳамчун як зани боодоб ёдоварӣ карда, гуфтаанд, ки худи ошпаз бо рафтори ноҷояш ин занро ба содир кардани ҷиноят маҷбур кард ва Дӯсавеа ба хотири ҳимояи нангу номусаш даст ба куштор зад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва додситони кул Юсуф Раҳмон расман аз мақомоти Россия талаб кардаанд, ки қазияи Сайёра Дусаева одилона таҳқиқ карда шавад, зеро ин зани муҳоҷир дар посух ба таҳқиру латтукӯб ва паст задани шаъну шарафаш аз ҷониби ошпази гурҷи барои ҳимояи нангу номуси худ корд ба даст гирифта, ҷиноят содир намудааст.