Arzon accountant
Писари раисро кӣ корд зад?
354
no-img


Дар натиҷаи як муноқишаи хунин дар толори VIP-и Фурудгоҳи байналмиллалии пойтахт Зафарҷон Самӣ, писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шариф Самӣ корд хӯрда, захмӣ шудааст.

Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе буда, дар рафти як муноқишаи хунин аз сараш 3 зарбаи корд хӯрдааст. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ менависад, ҳодиса шаби 11-уми ноябр рӯй дода, Зафарҷон Самии 24-сола дар як тарабхонаи вқеъ дар маҳаллаи 112-и ноҳияи Синои пойтахт бо як гурӯҳ ҷавонон муноқиша намуда, дар рафти ин моҷаро аз сараш 3 корд хӯрда, маҷрӯҳ сахт шудааст.

Сабаби муноқиша маълум нест, вале Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми ноябр дар шарҳи ин масъала гуфтааст: «Ин як авбошӣ аст» ва «нисбат ба он парвандаи ҷиноӣ боз шуд».
Манбаъ аз қавли Маҳмудзода менависад:

«Ин ҳодиса имкон дорад, нисбат ба ҳар шаҳрванд шавад. Гумонбарон муайян ҳастанд ва дастрас мешаванд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ аст. Ба вазифаи падару писар дахл надорад. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тафтиш идома дорад.» Мақомот ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот номи гумонбаронро нагуфтаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД