Имрӯз президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзо намудани як амр писари Маҳмадсаид Убайдуллоев - Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаидро аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод намуд.
Сабаби аз вазифа барканор гаштани Амирҷони Маҳмадсаид расман “ба кори дигар гузаштан” баён шудааст, аммо кори наваш маълум нест.
Ба ҷойи Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид ҳанӯз касе ба ин вазифа таъин нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Амирҷони Маҳмадсаид аз соли 2014 муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент буд ва 5 соли охир дар ин вазифа кор мекард. Қаблан намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул буд.