Sebiston new 2024 october
Писари ӯгай бо корд раги дасти паиндарашро бурид
696

Кормандони милитсия як ҷавони 18-соларо боздошт намуданд, ки падари ӯгайашро корд задааст. Дар ин бора сомонаи ВКД хабар додааст.

- Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда санаи 19-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 15:30 дақиқа дар манзили истиқоматиаш аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо падари ӯгаяш, марди 62-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд раги дасти рости ӯро буридааст,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД