Писарчаи 8 соларо волидонаш дар хона танҳо монда, дарро маҳкам карда рафтаанд. Вақте ки кӯдак аз хоб бедор шуда, дарро баставу худро танҳо мебинад, метарсад ва мехоҳад худашро аз тирезаи ошёнаи чорум ба поин партояд...
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар дар ин бора хабар дода навиштааст, ки баъд аз занги телефонии як сокини кӯчаи Алишер Навоии пойтахт, хонаи №13/4, ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуд.
Кормандони кумита бо истифода аз тирезаи хонаи ҳамсоя то кӯдак расида,писаракро оҳиста аз ҷойи исташ ба даст гирифтанд ва аз хатаре, ки мехост ба сараш орад, наҷот доданд.
Бояд тазаккур дод, ки фелдшерҳо то даме, ки наҷотдиҳандагон чораи наҷоти кӯдакро меҷустанд, бачаро ба гап гирифта, таваҷҷуҳашро ба дигар самт кашиданд.
Ҳамин тавр наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ин кӯдаки 8-соларо аз марг наҷот дода, ба дасти кормандони милитсия супурданд, то сабабҳои ин ҳодисаро муайян созанд.
Ба хотири пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони ноболиғи худро дар хона танҳо нагузоранд.