Писарчаи 12 сола аз нӯшидани Coca-Cola
ба хунравии шадиди меъда гирифтор гашт
Як писарбачаи 12 сола бар асари муддати тӯлонӣ нӯшидани Coca-Cola ба хунравии шадиди меъда гирифтор гаштааст.
Ҳодиса дар Владивосток рӯй дода, писаракро дар ҳоле ба беморхонаи кӯдаконаи №1 овардаанд, ки хун мепартофт. Табибон ӯро фавран дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ намудаанд.
“Дар рафти ташхис маълум шуд, ки кӯдак муддати тӯлонӣ Coca-Cola менӯшидааст ва дар якҷоягӣ бо мушкилоти мавҷудаи меъда нӯшокӣ чунин оқибатҳои вазнинро ба бор овардааст,”- навиштаанд расонаҳои русӣ.
Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир табибони ин беморхона ҳангоми ташхиси эндоскопӣ дар кӯдакон гастрити эрозивӣ, панкреатит ва некрозҳои ғадуди зери меъдаро бештар мушоҳида менамоянд, ки бо сабаби истеъмоли нодурусти ғизо ва нӯшокиҳои зиёновар пайдо шудаанд. Яке аз ҳодисаҳои ахир хун қайъ кардани писарбачаи 12-сола буд, ки ба таври фаврӣ дар беморхонаи кӯдаконаи рақами 1 бистарӣ карда шудааст. Наврас бо сабаби аз меъёр зиёд нӯшидани Coca-Cola ба ин ҳолат афтидааст.
Табиб Маргарита Лемза, ки муоинаи эндоскопиро анҷом додааст, гуфтааст, ки ҳадди ақали тамоси эндоскоп бо луобпардаи меъда боиси хунравӣ мегашт ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кӯдак ба гастрити эрозивӣ гирифтор буда, бо нӯшидани нӯшокии газдор беморӣ якбора авҷ гирифтааст.
Духтурон қайд мекунанд, ки дар меъдаи солим нӯшидани нӯшокиҳои газнок шояд чунин ҳолатро ба вуҷуд наорад, вале барои шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда гирифтор ҳастанд, чунин нӯшокиҳо хатар эҷод карда метавонанд.
Акнун ин писарбачаи 12 сола бояд муддати тӯлонӣ табобат бигирд.