“Боз як бародари тоҷикро аз даст додем”-рӯи акси марде, ки сару рӯяш дар хун тар буд, чунин навишта шуда буд, ки ба нишониаам субҳи саҳар тариқи ИМО расид.
Барои ҳақиқати ҳолро фаҳмидан ба он нишонӣ дар тамос шудам. Ҷавон бидуни овардани ному насабаш гуфт, ки ин нафар Шеравгани 36 сола мебошад, ки се моҳ пеш бо нияти ба даст овардани ризқу рӯзӣ ба Москав омада буд. Мусоҳиби мо оиди ҳодисаи рух дода чунин нақл кард: “Аз нақли дӯстонам шунидам, ки ҳангоми кор дар назди қубурҳои обгузаронӣ садои ҷонкоҳи ду нафар шарикони Шеравган ба гӯшашон расидааст. Барои наҷоти ҷони онҳо Шеравган ҳамроҳи як муҳоҷири хахолӣ мешитобанд. Онҳоро аз даруни қубурҳои гази моеъгузар наҷот медиҳанду худ аз бӯи газ илоҷи берун шудан накарда, дар даруни чоҳ мемонанд. Шеравгани рӯзадор дигар садо намебарорад. Баъди якҷоя ба кӯмак шитобидан, маълум мегардад, ки инду муҳоҷири кӯмакрасон аз шиддати баланд будани гази моеъ раги сарашон кафида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи ин шоҳиди ҳодиса Шеравган ҷони писарамакашро наҷот додани шуда, худашро қурбон намудааст".
Қайд кардан ба маврид аст, ки Шеравгани 36 - сола, зодаи деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Гулоби н. Ҳамадонӣ мебошад. Ӯ падари се фарзанд буда, худ фарзанди калонии хонадон буд. Ҷасади беҷони ин муҳоҷири ормонӣ дар Морги шаҳри Москав қарор дорад. Бародараш Рустам дар бараш буда, азм дорад, ки бо кӯмаки муҳоҷирони тоҷик ҷасади бародарашро ба Тоҷикистон ба деҳаашон равон кунад.
Онҳо се моҳ пеш ба Русия омада буданд.