arzon replenishment
Пиразани 83-сола ҳамаро қоил кард
29.11.2023
Mahina
811


Маъқула Ҳакимоваи 83-сола калонсолтарин иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» мебошад, ки дар баробари 115 нафар довталабон аз тамоми минтақаҳои мамлакат қувваозмоӣ намудааст.

Ин зани донишманд сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мебошад. Ба пиронсолияш нигоҳ накарда ӯ ҳар саҳифаи китобро пурра аз худ намудааст.

Маъқула Ҳакимова мегӯяд, ду сол пеш аз номи Президенти кишвар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро туҳфа гирифт ва аз ҳамон вақт инҷониб онро пайваста бо фарзандон ва наберагонаш мутолиа мекунад.

Ҳакимова танҳо дар мактаби маҳви бесаводӣ таҳсил намудааст. Хату саводро дар он ҷо омӯхта, минбаъд барои сайқал додани дониши худ мустақилона китобҳои зиёдеро мутолиа ва аз бар намудааст.

Маъқула Ҳакимова мегӯяд, агар инсон ба хониш завқ дошта бошад, барои таҳсилаш касе ё чизе монеъ шуда наметавонад. Одами босавод дар ҳама давру замон соҳибэҳтиром буда, дар шебу фарози зиндагӣ роҳи дурустро интихоб карда метавонад. Мутолиа ба насли калонсол ҳамчун обу ҳаво зарур аст. Саломатӣ имкон диҳаду шумо дар пирӣ ҳам ба мутолиа машғул шавед, ин бахти калон аст, зеро инсон тамоми умр ба ғизои маънавӣ ниёз дорад.

«Имрӯз барои хондан, аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои гуногун шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наврасон ва ҷавонон тамоми имконоти таҳсилро муҳайё намудаанд. Яке аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат-ин туҳфа кардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонадон мебошад. “Тоҷикон» асари нотакрору фарогир буда, дар он таърих, забон, урфу одат ва рӯзгори гузаштагони мо хеле равшану возеҳ ва боэътимод ба риштаи таҳлил гирифта шудаанд», -гуфт номбура.

«Ман аз иқдоми неки Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақдими китоби «Тоҷикон» ва ташкили озмун барои омӯзиши таърихи миллат ифтихор мекунам. Ин амали Пешвои миллат шоистаи таҳсину офарин аст. Ман дар тамоми умри худ надидаву нашунидаам, ки дар ягон давру замон роҳбаре барои босавод шудани халқ чунин ғамхорӣ карда бошад», -мегӯяд бо ифтихор ин зани куҳансол.
Ҳамсӯҳбати мо иброз медорад, ки ҳар давру замон шахсиятҳои таърихӣ, қаҳрамонон ва нобиғагони худро дорад, ки дигарон низ бояд амали онҳоро пайравӣ намуда, фаъолияти онҳоро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.
«Бо ҳамсолонам ва духтарони деҳа орзу мекардем, ки ба мисли модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров-Розия Озод бошем, зеро. Зеро ин зани маърифатпарвар дар қатори шоири ватансаро буданашон, ҳамзамон дар ташаккули шахсияи аллома низ нақши барҷаста гузоштааст. Ҳамин орзуву ҳавас буд, ки пайваста рӯзгори ӯ ва қаҳрамонии писарашро мутолиа намуда, барои фарзандону наберагон қисса менамоям», -гуфт Маъқула Ҳакимова.

Мавсуф, ки аз саҳифаҳои таърих хуб бархурдор аст, мегӯяд, ки шоир Розия Озод шоҳиди вазниниҳои сахти давраҳои тоинқилобӣ буда, мехост фарзандонаш соҳиби илму дониш гарданд, ба халқу ватанашон хизмат намоянд, аз ин рӯ мунтазам баҳри тарбияи фарзандон кӯшида, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия менамуд.

«Шеъри «Хайр, модарҷон» маҳсули эҷоди Розия Озод буда, дар китоби «Хотира» ҷой дорад. Ин китоб ба диловарии ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, нангу номуси ватандорӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба Ватани маҳбубу хоки муқаддаси он бахшида шудааст. Ҳаёт ва зиндагиномаи Розия Озод барои занону модарони қарни 21-и тоҷик намунаи барҷастаи ибрат ва барои миллатамон мояи ифтихору сарфарозӣ аст, зеро шоир дар шеъри «Хайр, модарҷон!» барҳақ гуфтааст: «То бигӯӣ, ҳаст фарзанде маро ҳам қаҳрамон»»,-изҳор дошт ӯ.

«Пайваста ба фарзандону наберагон кору пайкори Президенти ҷумҳуриамонро намуна оварда, таъкид менамоям, ки дар пайравӣ ба ин қаҳрамони давр барои ободии диёр саъю талош намоянд, ватандӯстдор бошанду ба халқу модари хеш хизмат намоянд. Кору пайкори Сарвари давлати мо намунаи ибрат аст, хизматҳои барои халқ намудаашон оливу бебаҳо мебошанд. Мисоли равшан ташкили чунин озмуни ватандӯстона мебошад», -дар охири суҳбат таъкид кард иштирокчии 83-солаи озмун Маъқула Ҳакимова.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД