Ҳар як бону новобаста ба фаслҳои сол мехоҳад ҳамеша зебову дилрабо бошад, махсусан дар рӯзҳои ид. Ҷашни соли нав торафт наздик шуда истодааст.
Аз ҳамин хотир мо қарор додем имрӯз дар бораи усулҳои хеле таъсирбахши косметологӣ ба хонумҳо маълумот диҳем, ки занро ба маликаи ҳусн табдил дода метавонанд.
Чаро муолиҷаҳои косметологиро
дар зимистон мегузаронанд?
Аксари муолиҷаҳои косметологӣ маҳз дар фасли зимистон гузаронда мешаванд, чунки дар тобистон зери таъсири шуои сӯзони офтоб чунин муолиҷаҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд ва ҳатто ба ҷойи фоида зарар расонида метавонанд. Шуои офтоб боиси пайдоиши доғҳои рӯй гашта, баъди муолиҷаи тазриқӣ (тавассути сӯзандору) дар рӯй осори захму пай боқӣ мемонад.
Муолиҷаҳое, ки маъмулан дар фасли зимистон мегузаронанд, инҳоянд:
Пиллинг
Ин усули косметологӣ барои раҳоӣ ёфтан аз чанд камбудии пӯст муфид аст, амсоли пӯстканӣ, пайдоиши доғҳо, пиршавӣ, дамидани гармичаҳо ва сӯрохиҳои васеъшудаи пӯсти рӯй.
Биоревитализатсия
Тариқи сӯзандору ба зери пӯст такроран кислотаи гиалуронӣ ворид менамоянд, ки ба пӯст намнокӣ бахшида, ожангҳои рӯйро бартараф ва тобиши рӯйро беҳтар мегардонад.
Мезотерапия
Ба зери пӯст такроран воридкунонии доруҳои махсус (мезококтейлҳо), ки аз маҷмӯи витаминҳо, шираи растаниҳо, микроэлементҳо ва дигар ҷузъҳои муфид иборатанд.
Ҳадафи муолиҷа: ғизодиҳӣ ва нармкунонии пӯст, барқарорсозии умумии он ва пешгирии тағйироти синнусолӣ мебошад.
Суфтасозии лазерии рӯй
Муолиҷаи мазкур бо дастгоҳ ба роҳ монда шуда, тозакунии амиқи рӯй тариқи лазер сурат мегирад. Он ҷараёни назоратшавандаи харобсозии пӯст буда, ба таҷдиди фаъол ва тозашавии пӯст меорад, синтези коллаген ва эластини худиро вусъат бахшида, нуқсонҳои намоёни рӯйро бартараф месозад.
Суфтасозии алмосии рӯй
Усули механикии суфтасозии пӯст буда, аз пиллингҳои химиявӣ ва кислотавӣ дида, таъсирбахш аст. Усули мазкур фаъолияти бофтаҳо ва ҳуҷайраҳои қабатҳои зери пӯстро беҳтар гардонда, ба эҳёшавии пӯсти нав, беҳтаргардии ҳолати умумии он, ҷавоншавӣ ва рангу тобиши солими рӯй мусоидат мекунад.
Нигоҳубини рӯйро фаромӯш накунед!
Беҳтар аст, ки усулҳои муолиҷавӣ дар якҷоягӣ бо нигоҳубин – поксозӣ ва истифодаи пайвастаи ниқобҳои муфид барои рӯй ба роҳ монда шаванд. Ба ин роҳ таъсирбахшии он беҳтар гардида, пӯсти солиму зебо муҷиби хушбахтиву болидаруҳии бонувон мегардад.
Қулфинай занро ҷавону зебо месозад
Барои зебо нигоҳ доштани пӯсти рӯй ниқобҳоеро истифода мекунанд,ки барои пӯст фоида доранд. Барои мисол ниқоб аз қулфинай. Қулфинай хусусияти тароватбахшӣ, сафедкунӣ ва ҳамворкунии чинҳоӣ рӯйро дорад.Қулфинайро бо асал якҷоя лат зада, ба рӯятон молед. Пас аз 20 дақиқа рӯйро бо оби ширгарм шустан лозим аст.