Sebiston new 2024 october
ПИЛИНГ, ГОММАЖ ё СКРАБ Кадомаш беҳтар аст?
1098


Пилинг, гоммаж, скраб – амалиётҳои поксозии пӯст аз ҳуҷайраҳои мурдаи пӯст ба шумор мераванд. Аксаран тамоми ин амалиётҳоро дар маҷмуъ пилинг меноманд, ки ин маънидоди нодуруст ба шумор меравад.

Биёед бубинем, ки кадоме аз амалиётҳои номбаршуда беҳтаранд ва аз якдигар чӣ фарқ доранд?

Ҳар қадаре синну соли инсон боло равад, ҳамон андоза ҳуҷайраҳои кархтшудаи пӯст бо душворӣ тоза мешаванд. Маҳз ҳамин омил боиси он мегардад, ки моддаҳои муфиди таркиби малҳаму ниқобҳо ба қабатҳои чуқуртари пӯст ворид намегарданд. Бар замми ин, ҳуҷайраҳои мурда пӯстро пажмурда намуда, боиси афзудани илтиҳоб мегардад.

Пилинг, скраб ва гоммаж ҳуҷайраҳои пӯст ва чарби онро тоза намуда, пӯстро бо моддаҳои муфид таъмин намуда, аз оксиген шодоб мегардонад. Маҳз бо ҳамин сабаб сари вақт ғами саломатии пӯстро хӯрда, воситаи хуби тозакунии онро пайдо кардан лозим аст.
                             Пилинг
Пилингмоеидороиқисматҳои хеле хурд аст. Амалиёти поксозии рӯй бо пилинг хеле безарар аст. Ҳангоми иҷрои он маҳс кардан лозим нест, аз таъсири қисматҳои фаъоли таркиби пилинг пӯст ба осонӣ тоза мешавад. Баъд аз пилинг пӯст тоза шуда, ботароват мегардад. таъсири пилингро баъди амалиёти аввалин эҳсос кардан мумкин аст.
Скраб
Бо скраб тоза кардани пӯст воситаи оддӣ ва хеле маъмул аст. Аксаран скраб аз донаки майдашудаи меваву сабзавот, намак, рег ва ҳатто поғаҳои ҷав омода мегардад. Бар замми ин, ба скраб равғанҳои табии эфир, витамин ва дигар қисматҳои ғизобахш илова карда мешавад. Дар баробари ин, қисматҳои сахти таркиби скраб пӯстро ҷароҳат дода метавонанд. Аз ин рӯ, мутахассисон ба бонувоне, ки пӯсти хушк ва ҳасос доранд, бо эҳтиёт истифода бурдани скрабро тавсия медиҳанд. Ҳафтае як –ду маротиба истифода намудани он кифоя аст.
                              Гоммаж
Дар таркиби гоммаж қисматҳои сахту осебдиҳанда вуҷуд надорад. Гоммаж дар асоси ҷавҳарҳои мевагин омода мешавад. Маҳз ҳамин ҷавҳар сӯрохиҳои пӯстро тоза намуда, барои бонувони пӯсташон нозуку ҳасос мувофиқ аст. Қисматҳои иловагӣ аз қабили алое вера, витамини Е, магний ва ғайра пӯстро ғизо бахшида нарм мекунонанд. Назар ба пилинигу скраб гоммаж ба пӯсти тозаву хушк молида мешаваду баъди чанд дақиқа онро тоза кардан лозим аст.
                     Кадоме беҳтар аст?
Гуфтани он ки кадоме аз воситаҳои поксозии пӯст беҳтар аст, кори душвор аст. Пилинг, скраб, гоммаж – ҳар сеи ин воситаҳо вазифаи худро хеле хуб иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми инттихоб ба хусусият ва ҳолати пӯсти худ диққат диҳед. Масалан барои пӯсти равғанин скрабу пилингро ба кор баред. Барои пӯсти муътадил ва омехта скраб ва барои пӯсти ҳасосу хушк гоммаж ё пилингро истифода баред. Қабл аз истифодабарӣ каме аз ин маҳлулҳоро ба пӯсти китфи худ молида, 15 дақиқа нигоҳ доред, агар пӯстатон сурх нашавад, метавонед онро нотарсона истифода баред.
Фаромӯш насозед, ки маҳлулҳои поксозии пӯстро ҳафтае як ё ду бор истифода бурдан лозим аст ва дар баробари ин мувофиқи тавсияҳои тамғакоғази он диққат бояд дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД