Пешвои миллат дар Турсунзода “Алюмин Проф” ва мактаби навро ифтитоҳ намуданд
79

Имрӯз, 9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Зимни сафар ба шаҳри Турсунзода Сарвари давлат ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд.

Дар корхонаи мазкур 5 навъ маҳсулоти гуногуни пластикии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол ва 100 фоиз содирот карда мешавад. Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Дар ин коргоҳ 80 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гашаанд, ки 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи нав дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш буда, барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари муассиса аст, ки барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудааст, ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД