Arzon march 2024
Пешвои миллат дар Конибодом мактаб ва боғчаи нави бачагонаро кушоданд
710

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом мактаб ва боғчаи нави бачагонаро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48, ки Сарвари давлат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор доданаш иштирок доштанд, аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхона ва бойгонӣ мебошад. Мактаб барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 29 нафар омӯзгорон ба насли наврас дарс мегӯянд, ки 27 нафарашон бонувон мебошанд. Синфхонаҳо бо технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо ба пуррагӣ таъмин карда шудаанд.

photo_2024-09-10_11-19-28

Дар бинои нави муассисаи таълимӣ барои машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш толори барҳавои варзишӣ бунёд карда шудааст, ки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 майдончаи муосири варзишӣ барои футболи хурд, баскетбол ва волейбол ва барои гузаронидани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи махсуси дигар сохта шудааст.

photo_2024-09-10_11-19-34

Ифтитоҳи мактаби нав, ки дар солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат ҳамчунин боз як боғчаи нави бачагона кушода шуд. Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи “Нури Робия” аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, сарпарасти Фонди хайриявии “Музаффар” Даврон Ҷураев аз нав бунёд гардида, дар он барои кӯдакон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оврада шудаанд. Боғчаи нави бачагона дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бо харҷи 6 миллион сомонӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз нав сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Дар ин боғчаи бачагона 180 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Бинои кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар саҳнаш ду айвончаи рангин ва як саҳнаи калон мавҷуд аст, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид мебошад. Барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст. Айни замон 6 омӯзгор ва 6 мураббияи ботаҷриба барои таълиму тарбияи кӯдакон ба кор ҷалб шуда,12 нафари дигар ба ҳайси мушовири методӣ, ошпаз, табиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Мавҷудияти толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхонаи замонавӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари зарурӣ дар кӯдакистон мебошад. Боғча ҳамчунин дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД