Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Федератсияи Россия - шаҳри Москва сафар намуда, рӯзҳои 7-8-уми октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ширкат меварзанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Гуфта шудааст, ки дар рафти ин сафар байни Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои ИДМ як қатор вохӯриҳои муфиди дуҷониба сурат мегиранд, ки ба густариши муносибатҳои кишвари мо бо ин давлатҳо равона гаштаанд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 5-уми октябр Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз доштанд ва Сарвари давлати тоҷиконро шахсиятҳои воломақом аз хориҷи кишвар бо ҷашни милод самимона муборакбод гуфта, ба саҳм ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти тамоми сайёра баҳои хеле баланд доданд.