Дар асри 9 олим ва риёзидони форс Ал-Хоразмӣ дар рушди алгебра ва алгоритмҳо саҳми бузург гузоштааст. Соли 825 олим «Китоби муҳосиботи ҳиндӣ»-ро навишт, ки дар он қонунҳои «алгоритм»-ро ҳамчун санъати ҳисоб, ки аз 5 принсипи қатъӣ: ҳисоб, ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим иборат аст, шарҳ дод. Номи ӯ асоси истилоҳи “алгоритм”, ки зербинои ҷаҳони диҷитоли муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, шуд.
Имрӯз низ аз навоварии оператори рақамии Tcell, ки аз оғози коркарди нав ба ифтихори ҷашни истиқлоли Тоҷикистон хабар медиҳад, ифтихор мекунем. Тибқи стратегияи тасдиқшудаи то соли 2040 дар бахши рушди зеҳни сунъӣ нахустин чати миллӣ бо ҳуши масунии «Сомонӣ GPT» роҳандозӣ мешавад.
Моделро дар якҷоягӣ бо Tcell барномасоз ва созандаи чат Алишер Азизов таҳия мекунад. Алишер, ки аз замони мактабхонӣ сафарашро дар ҷаҳони фановарии иттилотӣ (IT) оғоз карда, дар синни 17-солагӣ тасмим гирифт, ки аз беҳтарин донишгоҳи IT дар Испониё ба Тоҷикистон баргардад, то дар рушди кишвар саҳм гузорад.
Айни замон ӯ ба ҳайси муҳандиси маълумот дар як ширкати IT-и Русия ба таври фосилавӣ кор мекунад. Ӯ ҳамчунин таҳсилро дар факултети информатикаи амалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон идома медиҳад.
«Орзуи ман ин аст, ки як навовари пешбар дар соҳаи Data Science ва зеҳни сунъӣ дар кишвар шавам. Ин имтиҳони ман аст. Ман фахр мекунам, ки оператори навовар чунин лоиҳаҳоро дастгирӣ карда, дар рушди ҷомеа ва кишвар саҳми арзанда мегузорад», – гуфт Алишер Азизов.
“Somoni GPT” аввалин модели инноватсионии тоҷикии зеҳни сунъӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир дорои қобилиятҳои чашмрас аст. “Somoni GPT” қодир аст, доираи васеи вазифаҳо, аз ҷумла таҳлили додаҳо, моделсозии пешгӯишаванда ва тавлиди матнро иҷро кунад.
Модели Алишер беш аз 20 забонро қабул мекунад, аммо тамоми посухҳояш бо забони тоҷикӣ аст, ки ин ба оммавӣ ва рушди забони миллӣ мусоидат мекунад.
«Tcell ҳамеша лоиҳаҳои инноватсионӣ ва шахсони боистеъдодро дастгирӣ ва инкишоф дода, ояндаи аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи Тоҷикистонро фароҳам меорад. Итминон дорем, ки “Somoni GPT” ва таъсиси DataSet дар роҳи рақамисозии Тоҷикистон ва таблиғи забони ғанӣ, зебо ва шоиронаи мо дар миқёси ҷаҳонӣ як қадами муҳим хоҳад буд. Акнун забони тоҷикӣ истиқлоли рақамиро ба даст хоҳад овард», – шарҳ дод директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.
Tcell кӯшиши рақамӣ кардан ва эҷоди маҷмуи маълумотро барои забони тоҷикӣ идома медиҳад, ки тавассути адабиёт, илм, ҳуқуқ ва идоракунии ҳуҷҷатҳо фаро гирифта шудааст. Ҳадафи ин талош барои боло бурдани забони рақамии тоҷикӣ ва табдил додани он ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосири бузурги додаҳо мебошад.
Тоҷикистон, маконест, ки таърихи чандинасра бо замони муосир пайваста аст ва коргоҳи умеду навовариҳои оянда аст. Дар ин сарзамине, ки аз фарҳангу анъанаҳо ғанӣ шудааст, забони тоҷикӣ ҳақ дорад, ки дар асри рақамӣ ҷойгоҳи шоистаи худро ишғол кунад.
Мероси таърихӣ ва анъанаи бой онро ба бахши ҷудоинопазири дунёи додаҳои модерн табдил кардааст, ки боиси шукуфоӣ ва илҳомбахшии наслҳои оянда хоҳад шуд.