Маводи нашъаовар дар замони муосир ба як мушкили хеле ҷиддӣ мубаддал гаштааст. Махсусан рӯ овардани ноболиғон, ҷавонон ва занон ба ҳар гуна моддаҳои психотропӣ, ҳабҳои синтетикӣ ва маводҳои нашъадор хеле нигаронкунанда аст.
Омилҳои асосии афзоиши нашъамандӣ
Бино бар маълумоти Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон 4004 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 1692 нафарашон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Паҳншавии ҳабҳои синтетикӣ, ки бо номҳои гуногун ҳамчун “доруҳои безарар” пешниҳод мешаванд, вазъро боз ҳам мураккаб мегардонад, зеро чуноне, ки Назарзода Самеъ Абдусамад, директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии наркологӣ” зимни ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор гуфт, чунин моддаҳо ҳатто бо аввалин истифодабарӣ вобастагии равонӣ ва ҷисмониро ба вуҷуд оварда, касро дар муддати кӯтоҳ ба бемории нашъамандӣ мубтало намуда метавонанд.
Коршиносон сабабҳои асосии рӯ овардани ҷавононро ба маводи нашъаовар дар бекорӣ, мушкилоти оилавӣ, фишори равонӣ, муҳити носолим, ошноӣ бо шахсони нашъаманд ва сатҳи пасти огоҳӣ аз оқибатҳои истеъмоли чунин моддаҳо маънидод менамоянд.
Заҳрпечаке, ки садҳо реша дорад...
Маводҳои нашъаовар мисли заҳрпечак ҳаёти ҳазорон одамонро заҳролуд месозанд. Илми тиб исбот намудааст, ки истеъмоли маводҳои мухаддир ба саломатии инсон зиёни зиёде дорад. Маводи нашъаовар беш аз ҳама ба фаъолияти майнаи сар таъсири манфӣ мерасонад ва вобастагии равонию ҷисмониро ба вуҷуд оварда, иродаю қобилиятҳои зеҳнии инсонро заиф месозад. Бар асари истифодаи бангу нашъа ва дигар маводҳои нашъадор ҳолати психологии инсон вайрон шуда, боиси афтодан ба депрессия, изтироб, хашмгинӣ ва ноустувории эҳсосотӣ мегардад. Махсусан барои насли ҷавон, ки ҳанӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд, истифодаи чунин моддаҳо хатарнок буда, паёмадҳои дарозмуддат дошта метавонад.
Маводҳои нашъаовар ба дигар узвҳои ҳаётан муҳими инсон низ бетаъсир намемонанд ва ба дилу рагҳои хунгард осеб расонида, фаъолияти ҷигарро вайрон мекунанд. Вобастагӣ аз маводи мухаддир метавонад касро ҳатто ба марг бурда расонад.
Муборизаи муташаккилона бар зидди нашъамандӣ
Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии нашъамандӣ табдирҳои зиёде меандешад. Дар ҷумҳурӣ қонунҳо ва барномаҳои махсус қабул карда шудаанд, ки раванди муборизаро бар зидди нашъамандӣ ҷоннок гардонидаанд.
Ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ низ дар мубориза ба муқобили нашъамандӣ саҳми арзанда гузошта, дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ менамоянд ва байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Яке аз ташкилотҳои фаъол “Гендер ва тараққиёт” мебошад, ки муборизаро бар зидди нашъамандӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе, навоҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон бомаром идома медиҳад.
“Гендер ва тараққиёт” раванди муборизаро бар зидди нашъамандӣ пурзӯр месозад
Чанде қабл дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ баргузор гашт. Вазъи кунунии нашъамандӣ, натиҷаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар дар байни наврасон ва ҷавонон, хатарҳои сигорҳои электронӣ, инчунин таҳлили паҳншавии ВНМО дар байни истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир аз ҷумлаи мавзуҳои асосии суҳбати аҳли нишаст буданд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» ҳамчун иҷрокунандаи лоиҳаи «Ташкил ва гузаронидани маъракаи иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» нақшаи амалисозии чорабиниҳоро муаррифӣ намуд. Лоиҳаи мазкур дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ карда шуда, маҷмуи тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки ба баланд бардоштани донишу маърифати аҳолӣ ва пешгирии нашъамадӣ дар ноҳияҳои ҳадафӣ нигаронида шудааст.
Талошҳо баҳри пешгирии нашъамандӣ дар Хатлон
Дар доираи ташаббуси «Ташкил ва гузаронидани маъракаи иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» дар меҳмонхонаи «Леваканд»-и шаҳри Бохтар низ мизи мудаввар баргузор гашт. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бо дастгирии техникии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази вилоятии ТҲС гузаронида шуда, дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён вазъи пешгирии нашъамандиро дар минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин масъалаи ворид намудани чорабиниҳои пешгирикунанда ба нақшаҳои рушди ноҳияҳо ва интихоби муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо мутахассисон сессияҳои иттилоотӣ мегузаронанд, баррасӣ гардид.
Пешгирии нашъамандӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ
Чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ гузаронида мешаванд. Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бо дастгирии техникии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар меҳмонхонаи «Кивекас»-и шаҳри Хоруғ низ бо иштироки намояндагони сохторҳои маҳаллӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои ТҲС, Маркази вилоятии наркологӣ, намояндагони шуъбаҳои маъориф ва илм, кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила ва ходимони дин мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои мубрами вобаста ба пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, тақвият додани корҳои пешгирикунанда тавассути густариши фаъолияти иттилоотӣ-маърифатӣ ва ҷалби фаъолони ҷомеа ба тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён зарурати таҳияи нақшаи муштараки амалҳоро ҷиҳати тақвияти кор бо ҷавонон ва баланд бардоштани самаранокии маъракаҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ намуданд
. Зимни чорабинӣ аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ бо падару модарон ва омӯзгорон ва зарурати ворид намудани масъалаи мазкур ба нақшаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо махсус таъкид карда шуд.
Пешгирии нашъамандӣ дар меҳвари сиёсати давлат
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон мубориза бар зидди нашъамандӣ ва харидуфурӯши маводи нашъаовар дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, аз ҷониби Президенти кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо", ки соли 2020 қабул шудааст, истеъмоли бетаъиноти чунин маводҳоро манъ кардааст.
Дар кишвар ҳамчунин “Стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” амал менамояд, ки таҳкими сарҳад, коҳиш додани талабот ба маводи нашъаовар ва табобати нашъамандон аз ҳадафҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим мебошанд. Стратегияи мазкур бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва солимии аҳолӣ тавассути пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои марбут ба он дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Тақвияти мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, табобат ва барқарорсозии иҷтимоии шахсони нашъаманд ва рушд додани ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир самтҳои асосии ин стретегия мебошанд.
Туфайли ҳамин талошҳо шумораи нашъамандон дар кишвар нисбат ба солҳои пешин камтар шудааст, вале новобаста ба ин, нашъамандӣ ҳанӯз мавзуи доғ боқӣ монда, пайдоиши сигорҳои электронӣ, моддаҳои психотропӣ, ҳабҳои синтетикӣ ва дигар намудҳои маводҳои нашъаовар вазъиятро мураккаб мегардонад.
5 тонна маводи нашъаовар дар як сол
Тавре Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5 тоннаю 280 кг маводи нашъаовар ва 253 кг 417 грамм моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла 247 килограмм метамфетамин мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024 ду баробар зиёдтар аст.
Афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боиси зиёд шудани шумораи нашъамандон гашта, ба солимии миллат ва бехатарии давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Нашъамандӣ яке аз омилҳои асосии афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ мебошад. Шахсони нашъаманд бидуни маводи нашъаовар зиста наметавонанд ва барои дарёфти маблағ даст ба дуздию авбошӣ ва ҷиноятҳои дигар мезананд, то пул ёфта, ин маводҳоро харидорӣ намоянд ва “хумор”-и худро шикананд.
Аз фурӯши маводҳои нашъаовар то терроризм
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ аз афзоиши маводи нашъаовар изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки мубориза ба муқобили нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар замони муосир яке аз муҳимтарин вазифаҳост, зеро дар баробари зиёну зарари зиёде, ки ин маводҳо ба саломатии инсон мерасонанд, бархе аз нашъаҷаллобон, ки бо гурӯҳҳои ифротӣ дар иртибот ҳастанд, маблағи аз фурӯши маводи нашъаовар ба даст омадаро ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мегузаронанд. Ин хатари бениҳоят бузург аст барои тамоми инсоният, зеро боиси авҷ гирифтани терроризм ва экстремизм дар саросари ҷаҳон гашта метавонад.
Аз ин лиҳоз, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти марбута дар Тоҷикистон ба муқобили маводи нашъаовар муборизаи шадид мебаранд. Тавре вазир гуфт, танҳо моҳи январи соли 2026 дар натиҷаи амалиётҳои муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 398 килограмм воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гашта, 115 нафар ҳамчун гумонбар дар харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир карда шудаанд. Дар рафти ин амалиётҳо ҳудуди 100 ҳазор ҳабҳои синтетикӣ ва моддаҳои сахттаъсири мадҳушкунанда мусодира карда шудаанд, ки бештари ин маводҳо аз Афғонистон ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо тариқи Ӯзекистон ва дигар кишвараҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
Истифодаи чунин маводҳо, махсусан “Кристал” хеле хатарнок буда, ҷавононро дар муддати кӯтоҳ ба нашъамандӣ мубтало месозад.
Таҳдид ба генофонди миллат
Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода низ аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла ҳабҳои синтетикӣ дар байни наврасон ва ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки ҳарчи зудтар аз ин зуҳуроти номатлуб бояд пешгирӣ карда шавад, зеро он ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад.
Кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор намудани чунин ҳолатҳо дар клубҳои шабона, марказҳои дилхушӣ ва бозиҳои компютерӣ амалиётҳои муштарак гузаронида, нисбати шахсоне, ки моддаҳои психотропӣ ва ҳабҳои синтетикиро дар байни ҷавонон ва наврасон паҳн мекунанд, чораҳои қонунӣ меандешанд.
Пешгирии нашъамадӣ - қадамҳои устувор ба сӯйи ҷомеаи солим
Хулоса, дар ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии нашъамандӣ табриҳои зиёде андешида мешаванд. Сохторҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзуи нашъамандӣ конфронсу семинарҳои гуногун доир менамоянд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд, дар баробари мубориза алайҳи нашъаҷаллобон, дар ҳамбастагӣ бо кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ дар мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо бо ҷавонон суҳбату мулоқотҳо гузаронида, то кадом андоза зиёновар будани маводҳои нашъаовар ва оқибатҳои нашъамандиро мефаҳмонанд.
Умедворем, ки туфайли чунин муборизаи муташаккилона нашъамнадӣ, ки мисли заҳрпечак ҳаёти садҳо ҷавононро заҳролуд месозад, ба пуррагӣ решакан карда мешавад.