arzon replenishment
Пешгирӣ ва табобати коронавирус аз нигоҳи тиби қадими тоҷик
3154

 

Имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар тамоми ҷаҳон ин паҳншавии коронавирус мебошад. Олимони тамоми сайёра кӯшиш карда истоданд, ки паҳншави онро пешгирӣ намоянд ва насли инсониятро аз ин вабои аср наҷот диҳанд.

Лекин, мутаассифона, то имрӯз ягон навъи дору ё ваксинаи зиддивирусиеро алайҳи ин хатар пайдо нашудааст. Тибқи шариати дини мубини ислом ин вабо дар яке аз ҳадисҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (с.в.с.) омадааст. Дар он давра саҳоба Абӯ Убайда маҳз аз ин навъи вабо вафот карда буд.

Абӯ Убайда ибн ал-Ҷарроҳ омир ибн Абдулло (ваф. 639 м), яке аз бузургтарин сарлашкарони ислом, ки пайғамбар ба ӯ лақаби «Амин-ул-уммат»-ро додааст, ҳангоми фатҳи Шом аз беморие монанд ба коронавирус фавтидааст, ки баъдаан маризии тоун ном гирифт. Бо дастури пайғамбар Абӯ Убайда дар минтақаи Ғур Бисон ба хок супорида шуд. Марги ӯ боиси сирояти чанд нафари дигар гардид. Барои пешгирӣ аз паҳншавии он, ки дар он вақт бештар вабо ном бурда мешуд (дар он замон калимаҳои бактерия, микроб ва вирус вуҷуд надошт).

Бояд гуфт, ки дар тибби қадими тоҷик омадааст: «вабо ин офати омм аст, ки аз вайрон шудани таркиби ҳаво ва ё хок ҳосил мегардад ва таби вабоӣ (марги омм) ва ниҳоят тоумро ба вуҷуд меорад”.

Тибқи фармудаи табибибон ҷиҳати пешгирӣ аз хатари паҳншавии ин беморӣ дар байни лашкари ислом давоҳои зерин истифода шудаанд, ки дар тибби ниёгони тоҷикон низ аз он ёдоварӣ шудааст: 1) ҳар рӯз ним мисқол (4,68г) пӯсти ҳино (хина) - ро о дар об тар карда, биошомад, ваборо нест мекунад; 2. бӯй кардани райҳон (ниёзбӯ) боиси нест шудани вабо мегардад; 3. писта ваборо нест мекунад; 4. тамокуро дуд кунанд ҳавои вабодорро дар хона мекушад. 5. нӯшидани нӯшобаи себи ширин иллати ваборо аз бадан дур мекунад.

Тибқи фарҳанги тибби ниёгон тоун варами захмдорест, ки дар айёми вабо дар паси гӯш, зери бағал ва таги зону пайдо мешавад. Он дорои сӯзиши шадид буда, узвро ба дард меорад ва аз ҷойҳои захмин хуну зардоб берун мешавад. Бемор дилбеҳузур шуда, қай мекунад ва гоҳ - гоҳ беҳуш мешавад, дилаш тез – тез метаппад. Агар ранги захм ва зардоб зард ё сурх бошад, он хатари марг надорад, вале агар ранги он сабзи торик ё сиёҳ бошад беморро ба зудӣ мекушад. Миқдори варами оин ба андозаи чормағз ва ҳатто аз он калонтар мешавад. Дар ҳолати нав пайдо шудани беморӣ андозаи он аз донаи нахӯд ҳам майдатар мешавад.

Тоун бештар дар узвҳои ғаддуддор монанди моя, сари пистон, бехи забон пайдо шуда, атрофи худро сиёҳ мегардонад. Моддаи заҳрноки ин вирус ба воситаи рагҳои хунгард ба дил ворид шуда, беморро ба ҳалокат мерасонад. Барои нест кардани варам ё захми тоун омехтаи ҷадворро бо сирко (уксус) ҳал карда, ё решаи онро кӯфта, бо сирко омехта карда, ба ҷойи варам моланд, захми тоунро нест мекунад».

Дар ҳолати пайдо шудани ин вирус одам тасби баланд мекунад. Ин яке аз нишонаҳо аст. Барои паст кардани тасби баланд пистаро бо шакар бихӯранд, таъсири ҳавои вирусро мекушад.

Абӯали ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» дар ҳолати пайдо шудани ҳавои вирусолуд мефармояд, ки баданро ҳамешат тоза ва хушк нигоҳ дошта, тез – тез ҳавои манзилро иваз намудан лозим аст.

Абдуҷамил МИРҶАМОЛОВ

P. S: Хушбахтона, ин вируси шумқадам ба кишвари мо наомадааст. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтанием, ки агар мо дастури табибонро ба пуррагӣ риоя намуда, ҳамеша худро аз хатари сироятшавӣ ба ин вирус ҳифз намоем, он ба кишвари мо нахоҳад омад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД