Имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 1-2 дараҷа паст мегардад. Дар ин хусус Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа то 7-12 хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барф) ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барф) ба амал меояд.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.