Formula novemver 2024
ПЕШ АЗ МАРГАМОН МОРО НАКУШ ДОДАР!
09.10.2020
Дилошӯб
5509

 

 

Дар урфият мегӯянд, ки «Ғайбати худиро намоӣ, эътиқоди бегона мепарад», аммо ман дарди диламро ба идораи  «Оила» на ҳамчун бад кардани додари лахти ҷигарам, балки чун як рози дил мефиристам. Шояд тақдири додари ман барои бархе ҷавонон дарси ибрат гардад, зеро мушкили мо имрӯз мушкили бисёр оилаҳои тоҷик аст….

    Якдона

Додарам байни чор апа писари ягона ва дӯстдор буд. Мо апаҳо дар симои ӯ пуштибону соябон ва шаҳпарро дида, барояш чизеро дареғ намедоштем. Ансор як ҷавони хуб ба воя расид, падару модарам бо мо фарзандон ва хоса писари ягонаашон ифтихор мекарданд. Додарам баъди хатми мактаби миёна дар донишгоҳе дохил шуда, дар риштаи бонкдорӣ таҳсилро идома дод. Мо чор духтар ба оилаҳои нағз келин шуда рафтем, падарам тӯйи писари ягонаю дӯстдорашро надида, бар асари бемории қанд оламро падруд гуфт. Модарам табиб буданду кор мекарданд, мо духтарон низ ба қадри тавон ба модараму додарам ёрӣ мерасонидем. Бо кумаки шавҳари апаи калониям додарамро баъди хатми донишгоҳ дар як бонк ба кор гузоштем, чун ҷавони кордону босавод буд, оҳиста-оҳиста худаш роҳи корашро ёфт. Мо ҳама хурсанд будем, ки додарам дигар метавонад соябони модару калони хонадон бошад. Ҳамеша ояти шукрона ба лаб доштем…

            Шикастани армон

Бисёрии апаҳо маро мефаҳманд, ки чӣ гуна армону ҳавасҳо ҳаст дар дили хоҳаронаи мо, чӣ гуна дидан мехоҳем, келини хонадон ва арӯси додар ё акаро… Мо низ ҳар кадом дар дил армоне доштему арӯси таги чашм кардае, вале додарам ба модарам гуфтааст, ки дӯстдошта дораду ғайри ӯ ба касе намерасад. Дар оилаи мо боварию эътимод ба ҳамдигар дар ҷойи аввал меистад, аз ин рӯ, касе муқобили хоҳиши додарам набаромад.Чӣ қадар мо бо ҳавас ба ин тӯй тайёрӣ медидем, худамон медонему Худо… Аввал ҳавлии дуошёнаю барҳавои падариро ба тамоми нозукиҳояш аз таъмир баровардем, то арӯс аз қадамҳои нахустини худ ба ин хонадон бо озодагию файзу эҳсон ошноӣ пайдо кунад. Шукронаи Худо тӯйи боҳашамату зебо низ баргузор гашту арӯси нозанин ба ҳавлии падарӣ зебу фари дигар бахшид. Гулноз ҳамсари додарам духтари соҳибҷамолу боҳунар ва ниҳоят меҳрубон буд ва дар як муддати кӯтоҳ дар дили аҳли хонадон ҷойи гирифт. Модарам ӯро мисли духтараш дӯст медошту ӯ низ ба модарам эҳтироми беандоза дошт. Акнун дили мо духтарон пур буд, ки модарам ҳарозу ҳамроҳ ва ёригар дорад, ҳарчанд аз авҳолашон хабар мегирифтем, вале аз рафтору гуфтор ва назокату латофати келинамон замирамон боғ- боғ мешукуфт, шояд чашми бад расид, ки….

                                 Одатҳои нав

Як рӯз нав аз кор баргашта, акнун хӯроки шом пухтанӣ будаам, ки Гулноз занг зада гуфтанд, ки зуд хона биёед. Ман фарзанди калонии оила, ки будам, чӣ гапе шавад, аввал ба ман занг мезаданд. Ростӣ, тарсидам, ки ба модарам ҳодисае рӯй надода бошад, пешбандакамро кушода сӯе ҳаво додаму духтару писарамро гуфтам то омадани ман аз хона набароянд ва таксӣ киро карда, ба хонаамон рафтам. Додарам наметофтанд ва модарам зор- зор мегирист, ки Ансор қарздор шудаасту ба вай аз бонк занг задаанд. Телефонҳои додарам хомӯш буданд, дилам хавотири фарзандонам буд, зеро шавҳарам он замон дар сафари хизматӣ қарор дошт. Ман рафта, фарзандонамро гирифта омадаму то ними шаб интизори Ансор мондем. Додарам омад ва аз рӯйи гуфтаҳояш фаҳмидам, ки ӯ мухлиси бозиҳои пулакӣ будаасту пулҳои қарзкардаашро бой додааст.

Дигар илоҷ набуд, бо апаҳои дигарам маслиҳат карда, ҳама пасандози доштаамонро ҷамъ карда оварда, қарзҳои додарамро пардохт кардем ва гумон доштем ӯ дигар ин номаъқулияшро намекунад, аммо дили одаткарда балои ҷон…

                                 Тавбаи шикаста

Ансор пеши мо апаҳояш ва модари зору ҳайронам, ки то ин дам писараш барояш чун як ҷавонмарди қавииродаю пуштибон менамуд, аз корҳои бадаш тавба карда бошад ҳам, тавбаашро шикаст…

Аз ин воқеа яку ним сол гузашта буд, ки боз занаш хабари қарздории Ансорро ба мо расонид. Ман ба додарам сахт бовар мекардам ва ҳеҷ гумон надоштам, ки ӯ боз ба роҳи хато меравад. Охир, акнун ӯ соҳиби як писарча буду ҳамсараш боз ҳомиладор. Ин даъфа мо чор апа пинҳон аз модар як бало карда, қарзҳои ӯро пардохт намудем, аммо ин одати бад дар хуни Ансор ҷо гирифт. Мо хуб медонистем, ки додарам «бозибемор» шудааст, ҳама даводави мо дар роҳи наҷоти ӯ беҳуда буд. Хоҳари хурдиям, ӯро назди равонпизишк ҳам бурд, аммо беҳуда.

Ансор ба бозиҳои футболу ҷангҳои тан ба тан пули калон гарав мегузошту дар бисёр ҳолатҳо бохта, қарздор мемонд. Тамоми пули ёфта ва қарзкардаашро дар марказҳои букмекерӣ пош медоду муфлис ба хона бармегашт. Ин қилиқҳои хунукаш аз назари сардоронаш низ пинҳон намонданду ӯро аз кор ронданд. Худам назди сардораш рафта, зорӣ кардам то ӯро аз кор нагиранд, вале ӯ бо таассуф гуфт, ки аз одами ба ин гуна бозиҳо майлдошта ҳар гуна ҷиноятро чашмдор шудан мумкин.

Баъдҳо аз Гулноз фаҳмидам, ки ӯ зару зевари занашро низ фурӯхта, қурбони ҳамин одати ҳаромаш кардааст. Дигар мо апаҳо сари калобаамонро гум карда будем аз ин мусибат, аз ҳамсарҳоямон шарм медоштем. Як бало карда, бо навбат хӯрду хӯроки зану фарзандонашро бурда медодем, модари пирам, ки ба умеди писари ягонааш буд, шабу рӯз барои муҳайё намудани шароити хуб барои наберагонаш заҳмат мекашид. Ин ҳама бас набуд, ки….

                                Касофати қарз

Модараму Гулноз ва мо апаҳо ҳамеша парешон мегаштем, изтироб аз дасти беақлиҳои Ансор дар диламон хона карда буд.Ин изтироб беҳуда набудааст, зеро ин дафъа Ансор пули бисёре қарздор шуд, ки миёни моро шикаст.Дигар мо илоҷе надоштем ва инро бо оромӣ ба модарам гуфтем, аз шунидани ин хабар ва касофати қарзҳои писари бозибемораш модарам ба сактаи қалб дучор гашт ва баъди чанде оламро падруд гуфт. Мо ҳавлиро фурӯхта, қарзҳои додарамро пардохтем ва дар як гӯшаи шаҳр барояш хонаи якҳуҷрагие харида додем. Умед доштем марги модар, аз байн рафтани ҳавлии падарӣ, ҳеҷ набошад, хотири ду фарзандаш Ансорро аз роҳи бад мегардонад, аммо ин тавр нест…

Додари ман ҳоло ҳам худашро ба сад дар мезанаду пайсае меёбад ва онро сарфи бозиҳои беманфиату ҳаром, қиморбозӣ мекунад. Мо апаҳо намедонем сари сахтамонро ба кадом дар занем, охир ӯ фарзанди падару лахти ҷигар аст. Мо наметавонем аз ӯ даст кашем, чун як каси бегона меҳрашро аз дил берун кунем. Аз касоне, ки тавонистанд наздикони худро аз чунин ҳолат бароварданд, хоҳиш ва илтимос мекунем то маслиҳати хешро аз мо дареғ надоранд.

                                                             Бо эҳтиром Самира

                                                              

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД