Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо бунёду азнавсозии роҳҳо мушкилиҳои марбут ба роҳу нақлиёт рафъ гардида, сокинон метавонанд ба дилхоҳ гӯшаи дурдасти кишвар, бе хавфу хатар сафар намоянд.
Мехоҳам доир ба ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ андешаҳоямро иброз намоям. Тавассути ин масир зиёд ба зодгоҳам шаҳри Панҷакент ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафар кардаам. Чанде пештар низ аз тариқи роҳи мазкур ба шаҳри Панҷакент рафтам. Гуфтан бамаврид аст, ки ин роҳ дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ буда, солҳои пеш шаҳрвандон барои омадурафт мушкил доштанд.
Бо вогузор шудани нигоҳдории ин роҳ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мушкилоти қаблӣ осоре боқӣ намондааст. Тавре гуфтам, роҳи зикршуда аз минтақаҳои кӯҳӣ гузашта, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим онро банд мекарданд. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS» фавран ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Мехоҳам алоҳида зикр кунам, ки пулакӣ шудани истифодаи роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакент сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.
Бориши пуршиддати барф ва тармафароии рӯзҳои ахир дар роҳи мошингарди Душанбе -Чанок барои ширкати «IRS» санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш сарбаландона аз он гузаштанд. Чун ман ҳам аз ҷумлаи мусофирон будам, дидам, ки кормандони филиали Ширкат аз уҳдаи иҷрои вазифаи ба зимаашон вогузорбуда баромаданд. Техникаи зиёд роҳро дар фурсати кӯтаҳтарин тоза намуда, мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои офатзада халос карданд.
Аз мушоҳидаҳоям мегӯям, ки агар кормандони IRS дар фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тарма ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш машғул шавад, пас фасли гармо таъмиру таҷдиди роҳ мадди назар аст. Агар дилхоҳ вақт аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони ширкат ва техникаҳои пуриқтидорро машғули иҷрои вазифа мебинед.
Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳи Душанбе – Чаноқ арзандаи ситоиш аст. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти «IRS» қаноатмандӣ ва ба кормандони он арзи сипос баён мекунанд. Чунин хулоса натиҷаи муқоиса аст. Барои мисол, баробари расидан ба минтақаи роҳи Айнӣ-Панҷакент, бо дидани сангу сангрезаҳои зиёди рӯйи роҳ ва ҳолати на он қадар хуби он мусофирон бадоҳатан мегӯянд: Нигоҳдории ин қисмати роҳ ба зиммаи IRS нест!
Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки дар баробари нигоҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ расонида, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устои роҳ ҷой медиҳанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд.
Дар маҷмуъ ба назари ман, «IRS» бо масъулиятшиносии кормандонаш ба пайвандгари қалбҳо табдил ёфтааст.