Sebiston new 2024 october
Пайрави Ҷомӣ ва Навоӣ
910

Шоире, ки бо забонҳои
тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегӯяд

Султонмурод Ҳоҷибоев аз зумраи он шоирони тоҷик аст, ки бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър эҷод намуда, дар рушди адабиёти ду миллат саҳм мегузоранд. Аксари шеърҳои эҷодкардаи ин шоири хушзавқ аз ҷониби сарояндагони тоҷику ӯзбек сароида шудаанд. Мавсуф ҳамзамон муаллифи китоби "Қувноқ Алифбе" мебошад, ки соли 1989 бо теъдоди 75000 нусха нашр гардида дар мактабҳои ӯзбекии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун китоби ёрирасони дарсӣ истифода шудаанд.
Ин навбат мо ба шумо хонандагони азизи сомонаи Оила.тҷ аз рӯзгори ин марди наҷиб қисса мекунем.

Шоири зуллисонайн

Султонмурод Ҳоҷибоеви 80-сола зодаи шаҳри Истаравшан аст. Қариб 60-сол мешавад, ки ӯ бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ шеър эҷод намуда, дар рушди адабиёти ду кишвари дӯсту ҳамҷавор саҳм мегузорад. Шеърҳои эҷодкардаи ин шоири зуллисонайн дар китобҳои дарсии Тоҷикистон (китоби ӯзбекӣ) ва Ӯзбекистону Қирғизистон нашр шудаанд.

"Аз хурдӣ мехостам журналист шавам, бинобар ин, пайваста рӯзномаву маҷалла ва китобҳои бадеиву дарсӣ мехондам. Аз синни 17-солагӣ ба эҷодӣ шеър рӯй овардам. Аз ҳамон вақт сар карда бо ду забон шеър эҷод мекардам. Ҳамзамон аз ҳаёти деҳа, дастовард, пешравӣ ва камбудҳои ҷойдошта хабару мақола менавиштам. 60-сол мешавад, ки дар ин самт фаъолият мебарам"-мегӯяд қаҳрамони мо.

Эҷодиёти Султонмурод Ҳоҷибоев аз ҳамон давра пайваста дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон нашр гашта, писанди хонандагони ҳар ду миллат буд. Мавсуф имрӯзҳо масъули саҳифаи ӯзбекии нашрияи "Паёми Истаравшан" буда, ҳамчунин бо рӯзномаи "Суғд Ҳақиқатӣ" ҳамкорӣ менамояд.

Султонмурод Ҳоҷибоев дар факултаи филологияи ӯзбекии ДДХ таҳсил кардааст. Чун орзуи журналист шудан дошт бори дуввум дар риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ("САГУ" Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Тошканд) таҳсил намуд. Ҳанӯз курси 1 буд, ки бо газетаи ӯзбекии "Ленин учқунӣ" ҳамкорӣ дошт.

"Беҳтарин китоби сол барои бачаҳо"

Аксари эҷодиёти ин шоири зуллисонайн барои кӯдакон нигаронида шуда, дар ин самт даҳҳо китоб ба нашр расонидааст. Ҳанӯз соли 1989 китоби "Қувноқ Алифбе", ки барои як озмун дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон навишта буд, ғолиби озмун гашта, ин китоб ҳамон сол бо теъдоди 75000 нусха нашр шуд ва солҳо ҳамчун китоби ёрирасони дарсӣ истифода мешуд.

"Вақте озмун эълон шуд, устод Турсунбой Адашбоев аз Ӯзбекистон хоҳиш карданд, ки дар озмун иштирок намоям. Ҳамин тавр бо хоҳиши он кас дар озмуни "Қувноқ Алифбо" ширкат варзида сазовори ҷойи аввал гаштам ва китоби навиштаи маро бо теъдоди 75000 нусха ба нашр расониданд. Дар озмун 40 китоби дигар пешниҳод шуда буд,"-қисса мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Султонсурод Ҳоҷибоев муаллифи китобҳои "Ман ба моҳ баромада фаромадам" (Мен ойга чиқиб тушдим), "Бобои ман дар куҷо?" (Менинг бобом қаерда), "Мо гулҳои дунёем" (Биз дунё гулларимиз), "Суруди меҳр, суруди муҳаббат" (Меҳр қӯшиғи муҳаббат қӯшиғи), "Яхши бола қандай бӯлар?" ва ғайраҳо мебошад. Соли 2023 китоби "Яхши бола қандай бӯлар?" (Бачаи нағз чихел мешавад?) беҳтарин китоби сол барои бачаҳо эълон шуд.Қаҳрамони мо соли 2019 дар озмуни "Беҳтарин шеър барои кӯдакон" иштирок карда сазовори ҷойи дуввум гардидаст.

Суруде, ки миллионҳо шунаванда дорад

Султонмурод Ҳоҷибоев то имрӯз шеърҳои зиёде навишта, ҳамзамон мутарҷими даҳҳо шеърҳои тоҷикиву ӯзбекӣ аст. Аксари эҷодиёти ӯ барои кӯдакон нигаронида шудааст. Қисме аз шеърҳояш публитсистӣ буда, касро ба андеша кардан водор месозад. Машҳуртарин шеъри Султонмурод Ҳоҷибоев "Ота онанг топилмайдӣ" мебошад, ки онро то имрӯз зиёда аз 20 сарояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон оҳанг баста сароидаанд.

Султонмурод Ҳоҷибоев имрӯзҳо ба синни 80 қадам гузоштааст. Ӯ дар умри пурбаракаташ тавонист баҳри дӯстии ду халқ саҳм гузорад. Қаҳрамони мо дар ғанигардонидани адабиёти кишварҳои ҳамҷавор низ ҳиссаи бузург гузоштааст.
Султонмурод Ҳоҷибоев аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дорандаи нишонҳои "Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон", ҷоизаи адабии ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ, ва "Нишони сухан"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД