Arzon march 2024
Пайомади офати табиӣ ва масъулиятшиносии IRS
19.11.2024
Оила.Тҷ
158

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, рӯзҳои охир дар кишвар, хоса масири Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати борон боиси омадани сел, лағзиши кӯҳпора, фурӯравии роҳ ва сангфароӣ гардид.

Бинобар бориши пуршиддату давомдори борон дар масири Душанбе - Чаноқ сел омада, ба роҳи зикршуда хисороти ҷиддӣ расонид. Зарари офати табиӣ алалхусус дар минтақаи Зарафшон (километрҳои 100 - 108, ҳудуди ноҳияи Айнӣ) назаррас буда, баъзе қитъаҳои роҳ пурра вайрон шуданд.

Дар ин робита техникаву механизмҳои филиали Ширкат фавран ба маҳали ҳодиса сафарбар гардида, барои бартарафсозии пайомади офати табиӣ аз тамоми имконият самаранок истифода шуд. Муҳим он аст, ки сарфи назар аз мунтазам будани офатҳои табиӣ ҳаракати автомобилҳо дар ин масир умуман қатъ нагардидааст. Ин дар ҳолест ки дар дигар роҳҳои мамлакат, бар асари монеаи ҷузъӣ чандин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт манъ шуда буд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ, ки чанд соли охир рух медиҳанд, даҳҳо километр роҳи Душанбе – Чаноқ осеб дида, зарурати таъмири куллии масофаи зиёди он ба миён омадааст. Ба ибораи дигар, дар аксар қитъаҳои осебдида роҳ бояд аз нав сохта шавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ маҳсуб мешавад. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарини роҳ пайи рафъи он чораҳои фаврӣ андешида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, даҳ корхонаи истеҳсолии марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми арзанда доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми муҳлате, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок ба зиммаи филиали Ширкат вогузор аст, чунин ҳолат зиёд рух додааст. Аз ҷумла, дуюми июни соли 2018 дар километри 138- ум рух дода, бар асари он дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта буд. Илова бар ин, 23 ноябри соли 2023 дар километри 119- ум, дар масофаи 50 метр роҳ пурра фурӯ рафт. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникии филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада фавран тадбирандешӣ шавад. Дар муддати бениҳоят кутоҳ кормандони филиали Ширкат роҳи муваққатӣ бунёд намуда, тавассути он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба роҳ монданд. Сипас, мумфаршкунии роҳ низ бо истифода аз асфалти хушсифат, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд. Чунин тадбирандешии фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар сохторҳои дахлдор баҳои баланд гирифта, ҳатто раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода эътироф кард, ки агар нигоҳдории ин роҳ ба зиммаи “IRS” намебуд, дар муддати кутоҳ барқарорсозии қитъаи вайроншуда ғайриимкон мегардид.

Дар маҷмӯъ бориши пуршиддату давомдори рӯзҳои охир бори дигар собит намуд, ки IRS баҳри нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ тавонманд буда, масъулиятшиносии кормандонаш арзандаи ситоиш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД