Пас аз ҳодисаи нохуше, ки дар “Крокус Сити Холл» рӯй дод, аксари русҳо аз хизматрасонии таксистҳои тоҷик даст мекашанд. Онҳо вақти фармоиш додани таксӣ миллати ронандаро мепурсанд ва вақте тоҷик буданашро фаҳмиданд, дарҳол фармоиш, яъне заказро рад (отменит) мекунанд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, навиштаанд, ки пас аз амали террористӣ дар Крокус тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гаштаанд.
“Аз ҷумла, таксистҳои тоҷик муштариёни худро аз даст доданд, зеро акнун мардуми рус вақти фармоиш додани таксӣ ҳатман миллати ронандаро мепурсанд. Баробари шунидани он ки ронанда тоҷик аст, аксари муштариён дарҳол фармоиши додаашонро рад мекунанд. Вазъият дар бозорҳо низ айнан чунин аст. Харидорон ба дӯконҳое, ки тоҷикон савдо мекунанд, дигар наздик намешаванд. Дар дигар соҳаҳо низ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мардум бо шубҳа менигаранд”,-навиштааст РИА “Новости”.
Ширкатҳои таксӣ ба ташвиш афтодаанд, ки мизоҷони худро аз даст медиҳанд. Аз ҷумла, ширкати таксии Ситимобил ба тамоми сокинони Россия муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар боби эҳтиёткорӣ аз ҳад нагузаронанд. Дар муроҷиатномаи ин ширкат аз ҷумла омадааст: “Эҳтиёткорӣ пас аз чунин ҳодисаҳои нохуш албатта шарт ва зарур аст, аммо аз ҳад гузаронидан лозим нест, зеро тамоми ронандагони таксӣ қабл аз қабул шудан ба кор ҳатман аз санҷиши хадамоти бехатарӣ мегузаранд. Аксари ронандагон солиёни зиёдест, ки бо мо кор мекунанд ва сарфи назар аз дину оин ва миллаташон мо ба онҳо ҳамчун ҳамкор боварӣ дорем. Аммо санҷидани он ки кӣ ба терроризм алоқамандӣ дорад ва кӣ не, албатта кори мақомоти қудратӣ аст”.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин низ дар баромадаш қайд кард, ки террористон миллату нажод надоранд ва амали чанд нафар ҷинояткор маънои онро надорад, ки тамоми тоҷикон одамони бадкирдор ҳастанд. Тоҷикон дар ободонии Россия нақши худро гузоштаанд ва то ба имрӯз мегузоранд.
Аммо сарфи назар аз муроҷиати президент ва дигар шахсони мансабдор дар дили мардуми оддӣ тарсу ҳарос ҷо шуда, акнун ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Амали ваҳшиёнаи чанд тан бехирад, ки садҳо одамони бегуноҳро дар “Крокус Сити Холл” тирборон карда, боиси марг ва ҷароҳати онҳо гаштанд, натанҳо ба обрӯи миллат латма зад, балки ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ дар Русия таъсири манфӣ расонидааст. Барои даво ёфтани захми эшон албатта вақт лозим аст.