Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шуруъ аз 9-уми апрел парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад.
«Сомон Эйр» парвозҳои худро дар масири Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе оғоз намуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе як парвоз анҷом хоҳад дод. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, мусофироне, ки вояҳои пурраи ваксинаҳои зидди коронавирусро гирифтаанд, ҳангоми бақайдгирии чипта, танҳо сертификати онро бо забони англисӣ пешниҳод менамоянд.
Нафароне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод намоянд, илова бар ин, мусофирони ба Деҳлӣ сафардошта бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration сабти ном кунанд.
Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд. Мусофирони ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванда бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд.
Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст.