Gazprom july 2025
Парвози садҳо ҳавопаймо дар Русия ба таъхир афтод
208

6-уми июл дар пайи ҳамлаи дронҳо (паҳподҳо) аз қаламрави Украина ба Русия, наздик ба 400 парвоз дар фурудгоҳҳои “Шереметево”, “Пулково” (шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург) ва “Чкалов” (Нижний Новгород) лағв гардида ва ё ба таъхир афтоданд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Русия, сабаби ин таъхирҳо ҳамлаи ҳавоии дронҳо будааст. Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар ин рӯз 48 паҳподро нобуд кардааст.

Дар пайи ин вазъ, ҳазорон мусофир маҷбур шудаанд аз роҳи оҳан истифода кунанд. Аммо ба навиштаи расонаҳои Русия, чиптаҳои қатора миёни Санкт-Петербург ва Москва камёфт шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД