arzon replenishment
Парвоз кардан дар хоб чӣ таъбир дорад?
3548


Ман ҳамеша як хоби хеле аҷиб мебинам. Пештар дар Русия будам ва дар як завод кор мекардам. Тез-тез хоб медидам, ки мисли паррандаҳо дар завод парвоз карда истодаам.

Баъзан дар хобам аз ҳудуди корхона баромада парвозкунон аз болои дарахтон ва биноҳои баландошёна мегузаштам ва одамони дар поён, дар замин буда ба назарам мисли мурчаҳо хурд менамуданд. Айни замон дар Тоҷикистон ҳастам ва дишаб боз ҳамон хобро дидам. Мехоҳам донам, ки таъбири хоби ман чист.

Посух
Барои пайдо кардани таъбири хоби шумо мо чандин хобномаҳоро варақ задем. Дар аксари хобномаҳо омадааст, ки парвоз дар хоб фоли нек буда, ба амалӣ гаштани орзуҳои шахси хобдида ишорат мекунад. Парвоз дар хоб рамзи ба даст овардани қудрат (власт) мебошад, агар шахси хобдида донишманд ва бо сиёсат сару кор дошта бошад, эҳтимол баъди дидани чунин хоб мансаб гирифта, соҳиби вазифаи баланде гардад. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар дар хобатон мисли паррандаҳо болу парзанон дар осмон парвоз кунед ва аз болои кӯҳҳои баланд гузаред, чунон обрую мақоми баландеро соҳиб мегардед, ки ҳама даст пеши бар гирифта ба шумо итоат мекунанд.

Мард хоб бинад, ки аз як бом ба боми дигар парвоз карда истодааст, зани нав мегирад, вале дар хобаш дар осмон парвоз карда, ногаҳ ба замин афтад, аммо ягон осебу ҷароҳат набардорад, ба болои чизе, ки афтида бошад, ҳамон чизро дар зиндагӣ ба даст меорад, дар болои доми хона афтад, ба зудӣ соҳиби манзили нав мешавад, дар рӯйи сабза афтад, замин, бӯстонсарой ё ҳавлии бошукуҳе насибаш мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нина 2023-09-15, 15:14
Ассалом ман хоб дидам ки бо як хона ва дохилаш одамони ношинос тарафи осмон баромадаем аз як чанд қабати осмон гузаштаем таъбири хобам чи бошаде
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нина 2023-09-15, 15:14
Ассалом ман хоб дидам ки бо як хона ва дохилаш одамони ношинос тарафи осмон баромадаем аз як чанд қабати осмон гузаштаем таъбири хобам чи бошаде
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД