Овоза
Саломи худро ба кормандону хонандагони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Хонандаи ҳамешагии шумо ва шунавандаи суруду таронаҳои овозхони хушсадо Парвин Юсуфӣ ҳастам. Маҳз ҳамин овозхони дӯстдоштаам сабаб шуда, ки ба шумо нома бинависам. Чанд муддат мешавад, ки Парвин Юсуфӣ кампайдост ва барои мо-мухлисонаш суруду оҳанги наве пешниҳод намекунад. Илова бар ин, шунидам, ки бемории саратон ӯро аз пой афтонидааст. Наход ин овозаи шунидаам рост бошад? Ҳеҷ бовар карда наметавонам, аммо вақтҳои охир кам баромад карданаш дар дилам ҳар гуна шубҳаву гумонҳои бадро ҷой кардааст. Азбаски худам бо Парвин Юсуфӣ тамос гирифта наметавонам, аз шумо-кормандони ҳафтаномаи “Оила” ягона хоҳишам ҳамин аст, ки аз ҳолу аҳволи ӯ огоҳ шуда, маро низ хабардор созед, то бидонам, ки вазъи саломатиаш дар кадом сатҳ қарор дорад. Оё дар ҳақиқат ӯ ба бемории саратон гирифтор аст? Кош, ин овоза ҳақиқат надошта бошад. Шабу рӯз аз Худо талаб мекунам, ки ба ӯ шифо диҳад. Парвин зани қавиирода аст, ӯ ба осонӣ шикаст нахоҳад хӯрд.
Раҳимова Мақсуда,
аз ш.Истаравшан
Ҳақиқат
Хонандаи азиз, Мақсуда! Шодем, ки пайваста ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа мекунеду пайгири мо ҳастед. Дар хусуси вазъи саломатии овозхони дӯстдоштаатон Парвин Юсуфӣ гуфтанием, ки хавотир нашавед, зеро вазъи саломатии ӯ хуб буда, чун қаблӣ аз пайи эҷод аст. Аслан, саратонро бемории табобатнашаванда мегӯянд, вале Парвин Юсуфӣ ин имтиҳони ҳаётро бомуваффақият пушти сар карду имрӯз аз саломатиаш шикояте надорад ва ҳатто ба нафароне, ки ба чунин бемориҳо гирифторанд, кӯмак мерасонад. “Охири соли 2011 душвортарин лаҳзаи ҳаёти ман буд, ки ба он омода набудам. Сахт бемор шудам. Дар аввал духтурон чизе нагуфтанд, аммо дарк кардам, ки бемориам ҷиддӣ аст. Ҳеҷ бовар карда наметавонистам, ки бемор шудаам. Вақте бемориам ошкор шуд, ба ман лозим омад, ки тамоми қувваамро ҷамъ карда, барои зинда мондан талош кунам, ҳарчанд ин осон набуд. Мурдан намехостам, зеро зиёд корҳои нотамом доштам. Инчунин, фарзандонамро оиладор кардану набераҳоямро дидан мехостам. Суруд хондан, ба кори дӯстдоштаам машғул шудан ва пеш аз ҳама, зиндагӣ кардан мехостам. Ёд дорам, вақте маро ба утоқи ҷарроҳӣ мебурданд, зери лаб “Худо бо ман аст, ӯ ҳатман мӯъҷизае нишон медиҳад” гуфта, пичиррос мезадам. Ва ниҳоят, вақте ба худ омадам, худро тамоман бардаму солим ҳис кардам. Аз ҷарроҳиям ҳафт сол гузашту рӯзе бо ҳамон табибе, ки маро ҷарроҳӣ карда буд, вохӯрдам. “Фикр намекардам, ки шумо тоб меоред, чун химия хеле қавӣ буд” гуфт табиб”,-гуфтааст Парвин Юсуфӣ дар яке аз суҳбатҳояш ба “Your.tj”. Овозхон мегӯяд, барои нафароне, ки ба бемориҳои онкологӣ гирифторанд, қабл аз ҳама кӯмаки равонӣ лозим аст, то бемор рӯҳбаланду ба зиндагӣ дилгарм ва фикри маргу мурдан аз сараш дур шавад. “Ношукрӣ, худнамоӣ ва худро қабул накардан хатоҳоест, ки мо-инсонҳо содир мекунем. Мо одат кардаем, ки ҳама чизро ба мисли як чизи муқаррарӣ қабул кунем, аммо қадр карданро ёд нагирифтаем. Аз он ки ҳар субҳ аз хоб бармехезему ба дидори наздиконамон мерасем, шукрона бояд кард. Саломатии худро назорат намуда, ҳадди ақал дар шаш моҳ як маротиба ба духтур муроҷиат намоед. Ҷисми худро зиёд хаста накунед ва бо узвҳои худ суҳбат кунед, чун онҳо ҳам ақл доранд ва дарк мекунанд”,-маслиҳат додааст Парвин Юсуфӣ дар идомаи суҳбаташ. Мо-кормандони ҳафтаномаи “Оила” ба Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ саломатии бардавом хоҳонем.