Додгоҳ дар Амрико Доналд Трамп, президенти пешини кишварро ба кӯшиши таҷовуз ба номуси як нависанда ва рӯзноманигор гунаҳкор донист.
Тибқи ин парванда Трамп ба даъвогар Жанн Кэрролл барои ҳалли баҳс 2 миллион доллар ҷуброн пардохт кунад. Илова бар ин, сиёсатмадор бояд 3 миллион доллари дигарро барои тӯҳмат дар бораи Кэррол ва осеб расонидан ба эътибораш бипардозад
Қазия замоне сар зад, ки рӯзноманигори 75-солаи маҷаллаи “Эл” бо нашри як китоб президентро дар таҷовуз ба номусаш муттаҳам кард.
Кэррол дар китоби саргузаштиаш бо номи "Мардон барои чӣ ҳастанд?” навиштааст, солҳои 1995 ё 1996 Доналд Трамп ӯро дар як фурӯшгоҳи Ню-Йорк таҳқир кард. Он замон Кэррол ба Трамп маҷмӯи пурраи турии тӯрии зери либосро нишон медод ва ба гуфтаи вай, ин замон Трамп ба ӯ ҳамла карда, кӯшиши таҷовузашро кардааст.
Трамп қарори ҳакамонро нангин номид.