Парвандаи маъмурӣ нисбати сокини пойтахт барои пул пошидан ба сари Фараҳноз Шарафова
13.01.2026
Oila.tj
319

Як нафар сокини шаҳри Душанбе - Сафаров Ҷамшед, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ҳусейнзода 10 а, дар хонаи истиқоматии худ дар маросими тӯйи арӯсии духтараш ба сари сароянда пул пошидааст.

Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин кирдори номбурда хилофи талаботи қисми 3-и моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад.

Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи қисми 3-и моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ҷашну маъракаҳо пошидан ва часпонидани пул манъ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД