Парвандаи Мадина Ҳалимова, зани 28-солае аз Фархор, ки 3 моҳ пеш худ ва 4 фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта буд, тафтиш карда шуда, барои баррасӣ ба Суди вилояти Хатлон ирсол шудааст.
Бо гузашти 3 моҳ ҷасади фарзанди калонӣ - Латофати 5-сола то ҳол пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҷасадро чор маротиба ҷустуҷӯ кардаанд, аммо бенатиҷа буд.
То ба имрӯз ҷасади се фарзанди Мадина Ҳалимова, ки шаби 29 ба 30-юми июни соли равон бо чаҳор фарзандаш худро ба дарё партофт, пайдо шудааст. Ҷисмҳои беҷони Зайнаби 3-сола, Ёсамини 2-сола ва Муҳаммадҷони 2-моҳа аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шудаанд.
Мадина Ҳалимова дар боздошт буда, нисабаташ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.