goodwell
Пардохти истифодаи ҷангал дар Тоҷикистон ғайринақдӣ мешавад
16.10.2026
Oila.tj
121

Дар Тоҷикистон пардохти маблағ барои истифодаи захираҳои ҷангал ва ҷуброни зарари ба ҷангал расонидашуда минбаъд ба таври ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.

Тибқи тағйироте, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷангали кишвар қабул кардааст, истифодабарандагони ҷангал уҳдадор мешаванд, ки маблағи истифодаи ҷангалро танҳо ғайринақдӣ пардохт намоянд. Ҳамчунин, пардохти маблағи ҷуброни зарари ба ҷангал расонидашуда низ минбаъд бо роҳи ғайринақдӣ сурат мегирад.

Ин тағйирот ба Кодекси ҷангал ворид гардида, тартиби пардохти маблағҳои марбут ба истифода ва ҳифзи ҷангалро танзим менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД