Дирӯз, 30 ноябр дар дораи овоздиҳие, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид, бо соҳиб шудани 28 овоз аз 35 овоз, фохтак парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд.
Акунунт тасвири парандаи сол дар тақвимҳо ҷойгир карда мешавад, ки бо теъдоди 3000 нусха нашр мегардад.
Гуфта мешавад, ки 4 навъи ин паранда мавҷуд аст: фохтаки калон, хурд, муқаррарӣ ва ҳалқадор. Дар Тоҷикистон ҳар чор навъи ин паранда мавҷуд аст ва қаблан фохтаки муқаррарӣ зиёдтар буд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни “Парандаи сол” дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ ҳамасола барои ҷалби таваҷҷуҳ ба бахши ҳифзи табиат гузаронда мешавад.
Соли равон саъба парандаи соли 2023 интихоб шуда буд. Солҳои пеш кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазавр, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳутҳут, шоҳин, парасту (фароштурук), уқоб ва заргулдор парандаи сол интихоб шуда буданд.
Ёдрас мешавем, ки интихоби парандаи сол барои фароҳам овардани заминаи муносиб ҷиҳати афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат мекунад.