Sebiston new 2024 october
Панирҳои хатлонӣ харидорони хориҷӣ пайдо кард
726


Вақте мо аввалин бор маҳсулотамонро муаррифӣ карданӣ шудем, вориди бозори вилоять шуда, бо нархи 10-сомонӣ маҳсулотамонро ба ба харидорон пешниҳод кардем.

Бо ин роҳ мо тавонистем маҳсулоти худро ташвиқу тарғиб намуда, таваҷҷӯҳи харидоронро ба маҳсулоти ширии истеҳсол кардаи хеш ҷалб намоем,-мегӯяд Уғулой.

Уғулой Абдуллоева, роҳбари кооперативи истеҳсоли “Муҳаммадҷон” буда, истеҳсоли маҳсулоти шириро дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон ба роҳ мондааст. Панҷ моҳ қабл ӯ корхонаи коркард ва истеҳсоли ширро ба кор дароварда буд ва бо пешрафти кору зиёд шудани талабот ба маҳсулоти ширӣ тасмим гирифт, ки дар баробари коркард ва ситеҳсоли шир намудҳои гуногуни маҳсулоти шириро низ ба хардорон пешкаш намояд. Дар ҳоли ҳозир дар ин корхона панҷ навъ маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда шуда, панир аз ҳама маҳсулоти серхаридори ин коргоҳ аст.
Абдуллоева мегӯяд, пас аз иштирк дар форуми “Бохтар Фуд 2022” ба хулосае омад, ки бояд маҳсулоти корхонаашро ба кишварҳои хориҷ низ содир намояд.

_33
Айни замон 14 мағозаҳои калони минтақаи Бохтар ҳамкориро бо ин корхонаи истеҳсолӣ ба роҳ монда, ҳамчунин бо марказҳои савдои “Ёвар”, “Ашан”, “Анушервон”, “ Лазиз” ва “Фаровон” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ппанирҳои ин бонуи соҳибкори тоҷик ба меҳмонону харидорон хуш омада, намояндаҳои ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Эрон даъват карданд, ки барои содироти маҳсулот ба ин кишварҳо шартнома бубанданд.
Уғулой Абдуллоева ягона зани соҳибкор дар самти истеҳсоли панир ва дигар маҳсулоти ширӣ дар минтақаи худ маҳсуб меёбад ва умед дорад, ки дар муддати хеле кутоҳ маҳсулоти корхонаашро ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон содирот хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД