Панҷакент:
Сайри кӯҳ сари ҷавони 18-соларо хӯрд
Тамошои манзараҳои дилфиреби табиат кайфияти нотакроре дорад, вале беэҳтиётӣ ҳангоми саёҳат дар кӯҳистон метавонад боиси сар задани фалокат гардад. Ҳодисаи нохуше, ки ба сари як сокини шаҳри Панҷакент омадааст, далели равшани ине гуфтаҳост...
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, як сокини шаҳри Панҷакенти бостонӣ ҳангоми саёҳати кӯҳистон ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 7-август сар зада, як ҷавони 18-солаи сокини деҳаи Падрӯди ҷамоати деҳоти Шинг, воқеъ дар кӯҳистони атрофи шаҳри Панҷакент, бо мақсади аксгирӣ ба кӯҳи Тарх баромада, дигар ба хона барнагаштааст.
Барои ҷустуҷӯи ин ҷавон гурӯҳи наҷотбахшони минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафабар карда шуданд ва бо гузаронидани амалиёти махсуси ҷустуҷӯӣ ҷисми бе ҷони ин ҷавони ормониро аз як чуқурӣ пайдо карда, берун кашиданд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми аксгирӣ пои ҷавон лағжида ба чуқурии тақрибан 200-300 метр сарозер шудааст.