Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе панҷ нафареро, ки ба гуфтаи мақомот, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам наворҳои ғайриахлоқӣ нашр мекарданд, дастгир намудаанд.
Нисбати онҳо ҷарима ва ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин шудааст.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои муқарраршударо риоя намоянд.