7 нафар ҷудокорони тоҷик дар рӯзҳои наврӯзӣ дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Тифлис” (Tbilisi Grand Slam) ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд ва шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд.
Мусобиқаи Tbilisi Grand Slam аз 20-ум то 22-юми марти соли равон дар пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тибилиси баргузор хоҳад гашт.
Маблағи ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евро буда, барои иштирок дар мусобиқа аллакай 400 варзишгар номнавис шудаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 7 нафар ҷудокорони муваффақ - Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза ва Озаррахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг муаррифӣ менамоянд.
Ғолибони ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барандагони медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва нишони биринҷӣ 1500 евро мукофот мегиранд. Дар баробари ин, паҳлавононе, ки дар “Тоскулоҳи бузурги Тифлис” муваффақ мегарданд, барои раддабандии ҷаҳонии ҷудо имтиёз ба даст меоранд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2025 дар мусобиқа 8 ҷудокори тоҷик ширкат варзида буданд, вале натавонистанд ягон медал ба даст оранд. Танҳо соли 2021 Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг дар Тифлис медали биринҷӣ ба даст оварда буд.