Вақтҳои охир кормандони мақомотҳои қудратии Россия бо ҳар баҳона ба муҳоҷирони меҳнатӣ фишор меоранд. Оё кормандони полис ба таҳқир ва лату кӯби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқ доранд?
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар чунин ҳолатҳо бо кадом роҳҳо метавонанд аз худ дифоъ намояд?
Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷиронро аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда метавонанд?
Дар сурати бе сабаб ихроҷ шуданаш барои бекор кардани ҳукми “депортатсия” муҳоҷир бояд чи кор кунад?
Имрӯз, 20-июн аз соати 18.00 то 19.00 дар идораи сомонаи "Оила" бо иштироки коршиносони самти муҳоҷират дар мавзӯи “Муносибат бо полис ва депортатсия” гуфтугӯйи мустақим баргузор мегардад.
Дар барнома коршиносони самти муҳоҷират Анвар Бобоев, мудири шӯъбаи муҳоҷирати аҳолии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳо, ҳуқуқшинос Баҳром Юсуфалиев ва корманди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Парвиз Розиқов иштирок намуда, ба саволҳои шумо посух мегӯянд.
Шумо метавонед саволҳоятонро дар комментария нависед ё дар рафти барнома тариқи телефонҳои зерин занг занед: 989-02-11-46 ва 93-105-10-50