Sebiston new 2024 october
Пахлаваи тоҷикӣ бо асал
3439

Маҳсулоти лозима:

  • 320 грам – орд
  • 200 грам - шакар
  • 150 грам – маска
  • 120 грам – қаймоқ
  • 3 дона – зардии тухм
  • 10 грам – маводи ковокунанда
  • 5 грам – ванелин

Барои ороиш:

  • 150 грам – чормағз
  • 70 грам – мавиз
  • 70 грам – асал

Тарзи таҳия:

Дар зарф орд, маводи ковокунанда, ванелин, маска илова карда, бо дастамон умоч мекунем. Баъдан, ба он қаймоқ, 2 дона зардии тухм (1-тоашро барои болояш мегузорем) илова карда, омехта мекунем. Хамирро ба 3 қисм тақсим мекунем ва 30 дақиқа дар яхдон мемонем дам гирад.

Дар зарфи дигар 3 дона сафедии тухмро бо миксер лат мезанем ва кам – кам шакар илова карда, боз лат мезанем то сафед шуданаш. Баъдан, чормағзи куфта ва мавиз илова карда, омехта мекунем. Ба қолаб равған молида, ба он қоғази пергамент гузошта, зуволаро тунук карда, дар он мегирем, қабати миёнаи пахлаваро мепазем.

Баъди пухтанаш алоҳида мемонем. Зуволаи дуюмро тунук карда, дар қолаб мемонем ва маҳлули омодакардааро дар қабаташ мерезе. Аз болояш қабати пӯхтагиямонро мемонем ва боз ба болояш маҳлул мемолем.

Зуволаи сеюмро низ тунук карда ба болояш мемонем. Ба болояш зардии тухм мемолем. Бо корд ба болояш нишон мемонем ва дар болояш чормағз мемонем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 35 -40 дақиқа то пӯхтанаш меистад.

Баъди пӯхтанаш 10 дақиқа меистад хунук, ки шуд, асалро гарм карда, ба болояш асал мемолем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД