Пагоҳ. 6-июн футболбозони тоҷик дар доираи даври дуюми бозиҳои интихобии “Чемпионати ҷаҳон-2026” дар гурӯҳи«G» бо тими Урдун қувваозмоӣ хоҳанд кард...
То бозии панҷуми даври дуюми мусобиқаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон - 2026 байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон дар гурӯҳи G ҳамагӣ як рӯз боқӣ мондааст.
Мунтахаби Тоҷикистон дирӯз, сешанбе, 4- июн таҳти роҳбарии мураббии гурҷӣ Гела Шекиладзе дар Аммон машқҳои дуюми худро баргузор намуд. Тамоми 23 бозигаре, ки дар дастаи мунтахаби мо қарор доранд, ба вохӯрии дарпешистода омодагии пурра мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон - 2026 байни Дастаҳои Мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 6 июн дар варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор мешавад. Бозии мазкур соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз хоҳад ёфт, ки ба соати 22:30 ба вақти Душанбе рост меояд.