arzon replenishment
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
28.02.2025
Oila.tj
259

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод гуфтанд.

- Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллӣ, яъне дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории навини худ қарор дорад. Мусаллам аст, ки дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нақши муҳим мебозанд. Ба ибораи дигар, қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам расму ойинҳои аҷдодиву суннату анъанаҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои эътиқодӣ дар хизмати осоишу оромӣ ва саодати мардуми Тоҷикистон қарор дода шаванд. Зеро онҳо ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири фарҳанги миллии моро ташкил медиҳанд. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки моҳи мубораки Рамазонро дар шароити амну осоиш истиқбол мегирем ва дар фазои озоди эътиқодӣ зиндагӣ мекунем,- мегӯянд Президенти кишвар.

- Садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст. Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони бесаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии кишвар ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ, сабру тамкин ва парҳез аз ғизо, балки озмоиши руҳу равон ва покизагии нияту амали инсон низ мебошад. Мо бояд ҳамеша ва хусусан, дар моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем ва хислатҳои неки инсониро риоя намоем. Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгори худи ӯ мегардад, худдорӣ намояд,- меафзоянд Роҳбари давлат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД