Басанда нав ба синни 18 даромада буд, ки ӯро падару модараш ба писари ҳамсояашон Каромат ба шавҳар доданд Арӯсак бе ишқу ошиқӣ шавҳар карда бошад ҳам, аз зиндагӣ розӣ ва шоду мамнун буд.
Каромат дар яке аз корхонаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ кор мекард, ҷавони пулёб ва ба қавли мардум чор кас медидагӣ буд. Басандаи аз бахти баланд хандон корҳои хонаро ба сомон расонида, ҳар рӯз барои шавҳараш хӯрокҳои болаззат мепухту аз кор баргаштани Кароматро бесаброна интизорӣ мекашид. Хислату рафтор ва ситораҳояшон ба якдигар мувофиқ омада буд. Басанда Кароматро чунон дӯст медошт, ки ҳаёташро бе вай тасаввур карда наметавонист. Аз дар даромадани Каромат барояш ид буд. Ҷавонзан дастонашро ба гардани Каромат ҳалқа карда, бо бӯсаву оғӯши гарм пешвоз мегирифт. Мехрубонии ҳамсари нозанинаш дар як лаҳза ғубори хастагии Кароматро мебароварду бо табъи болида сари дастурхони пурнозу неъмат менишаст.
Каромату Басандаи аз зиндагии хуррамонаашон дилшод пас аз ду сол соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке гаштанд. Хурсандии аҳли хонадонро ҳадду канор набуд. Бо як ҷаҳон умеду орзу бобою бибӣ набераашонро Таманно ном гузоштанд. Се сол баъд духтарчаи дуввум ба дунё омаду Тахмина номаш ниҳоданд. Падару модари ҷавон писар мехостанд, вале Тахминача дусола шуду духтари сеюм ба дунё омад.
Ба умеди писарчадор шудан Каромату Басанда навзодро Умеда ном гузоштанд, вале тақдирашон омад накард. Басанда ба беморие печиду ба бемористон афтид. Духтурони занона ўро фавран ҷарроҳӣ карда гуфтанд, ки дигар ҳомиладор намешавад. Ҳомиладорӣ ба ҳаёти ӯ хеле хатарнок аст. Пеш аз ҳама саломатии худаш барои Басанда дар ҷои аввал меистод. «Охир ягон гапу кор шавад, се гулдухтарамро кӣ нигоҳубин мекунад.
Барои ҳар тифл модари худашон даркор»,-гуён ба тақдир тан дод ҷавонзан. Бо ҳамин андешаҳо зиндагӣ мекарду шукри се духтари дӯстрӯяш менамуд Басанда, шавҳараш ҳам боре аз надоштани писарча лаб ба шиква во накард. Ба доди Худованд зоҳиран қаноат менамуданд зану шавҳар, вале…
Духтари калонӣ Таманноро ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар доданд. Чанд сол пас Тахминаву Умедаро ҳам бо навбат ба хонаи бахташон гусел намуданд. Духтарон рафтанду хонаи Басандаю Каромат холӣ шуд.
-Як писар медоштем, чи хел нағз буд! Ба хона келин меовардему хонаамон пур мешуд, -тарошаи аз бом афтода барин орзуи писару арӯс кард ва афсӯсхӯрон сар ҷунбонда афзуд:
-Хайр, Худо ба ман писарро лоиқ надид. Ба ҳаминаш ҳам сад шукр! Баъзеҳо ба нохуни пои кӯдак зор мегарданд. Шукр, се духтари паричеҳра дораму набераҳои дӯстрӯяк. Аз рӯзе, ки Умеда ба дунё омад, Каромат ба вазифаи болотар рафту корҳояш зиёдтар шуданд. Аз бисёрии кор бисёр вақт ба хона дер меомад. Тез-тез ба сафари хидматӣ мерафт. Басанда, ки шавҳарашро дӯст медошту ба ӯ боварӣ дошт, аз дер биёиву тез-тез сафари хидматӣ рафтани Каромат боре ҳам шикоят намекард. Ба шавҳараш ғамхор буд.
-Занакҷон, як сирро ба ту мекушоям. Ман зани дуюм ва писари нозанине дорам. Писарам ҳамсоли духтарамон Умеда аст. Ҷавони паҳлавон шудааст. Агар ту розӣ бошӣ, онҳоро ба хона меорам. Писарро зан медиҳем. Ду модар аз давлати писару келин роҳат мекунед, -гапашро хоида-хоида сирри дилашро кушод Каромат. Аз шунидани ин гап даҳони Басанда воз монд. Чашмонаш аз ҳайрат гӯё аз косахонаи сараш баромаданд. Нафасаш тангӣ кард. Ашки чашмонаш беихтиёр шашқатор ҷорӣ гашт. «Наход, ин ҳамон Кароматест, ки ман ба ҳеҷ кас иваз намекардам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе шавҳарам чунин рафтор карда ба рӯйи ишқи поки ман пой мегузорад. Муҳаббати беандозаи маро бо дигаре иваз мекунад.
Боз чӣ қадар солҳо! Не, ман ба шуниди гӯшҳоям бовар намекунам. Худоё, ман ин суханонро аз забони кӣ мешунавам?»- Басанда инро гуфту аз ҳуш рафт. Уро ба беморхона бурданд. Маълум шуд, ки аз зиқии зиёд фишори хунаш баланд шуда, ба майнаи сараш задаст. Дар чунин аҳвол қариб ду моҳ беҳушу беёд хобид.
Зарбаи сахти тақдир – хабари дузанагии шавҳарашро Басанда интизор набуд ва аз рашк ба чунин ҳол гирифтор шуд. Ҳамин рашки занона буд, ки оқибат риштаи умри Басандаи зебову меҳрубон, модари дилсӯзу ғамхорро барканд. Дигар ба худ наомада, бо дили пуралам ба ин дунёи барояш бевафо падруд гуфт зани беписар. Шавҳараш Каромат бо хиёнаташ кушт Басандаи бовафоро…
Тоҷинисои Азиз