Падару модарам дар назди ман тавре рафтор мекунанд, ки гӯё якдигарашонро дӯст медоранд, аммо дар асл чунин нест. Вақте ки дар хона танҳо монанд, қиёмат қоим мешавад.
Гарчанд дар пеши мо- фарзандон нишон надиҳанд ҳам, вале аз ҳамсоядугонаҳоям мешунавам, ки пас аз ба мактаб рафтани мо онҳо бо ҳам чӣ гуна сагу пишаканд. Модарам ҳамеша бо қошу қавоқи гирифта падарамро пешвоз мегираду падарам бошад, дар бари модарам шабро саҳар накарда, дар меҳмонхонаамон хоб меравад. Мудом қаҳрӣ, мудом бо ҳам дашному пӯписа карда, асаби моро хароб месозанд. Дишаб падарам ба хона наомад. Модарам гуфт, ки ӯ муддате дар хонаи модаркалонам истиқомат мекунад. Ба хонаи модаркалонам рафта, занеро дидам, ки дар ошхона машғули пухтупаз буд. Қарор додам, ки худро ба ӯ нишон надиҳам. Пас аз чанде падарам наздаш рафта, ӯро ба оғӯш кашид. Бо алам ба хонаамон баргаштам. Дар дами дар дугонаҳоям гуфтанд, ки тағоям аз роҳи дур омадааст.
Модарам дар хона набуд. Ман дар ҳаммом ришгирак ва куртаи мардонаро дидам. Шом модарам бо марде баргашту маро дида, даступохӯрда шуд. Фаҳмидам, ки нақшаҳояшонро барбод додам. Ҳайрон мондаам, наход падару модарам, ки синну солашон ба ҷое расидааст, хушдор дошта бошанд. Модарам борҳо ба падарам мегуфт, ки талоқамро доданӣ бошӣ, деҳ, вагарна чӣ гуна дарднок будани хиёнатро ба ту нишон медиҳам. Гапи модарам чӣ маъно дошт, то ҳол дарк карда наметавонам. Хонандагони нуқтасанҷи “Оила”, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Дар ҳақиқат падару модарам ҷудо шудан мехоҳанд ё ин як қасосгирии беҳуда аст?
Саураёи 16- сола, ш.Душанбе